Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Қоида ва омилҳои рӯҳии мақсади олиатон, худбоваркунонӣ.
-
Пайдо намудани идеал ё худ қаҳрамони худ дар мақсадгузорӣ.
-
Оё мақсади Шумо ба касе зарари иқтисодӣ ва рӯҳӣ намеорад?
-
Ин мақсад ташаккули Шумо ва талаботи модиатонро таъмин месозад?
Албатта, инсон низ мисли дигар мавҷудоти зинда, доимо дар ҷустуҷӯи муҳити солим, шахсони ҳамфикру ҳамақидаи хеш ва дар зинаи якхелаи молиявӣ қарор дошта мебошад. Мисол, дар байни фаъолияти аробакаши бозор ва профессори Донишгоҳ метавон ягон умумиятеро мушоҳида намуд. Аз ин нигоҳ, новобаста ба хоҳиши мо, кору бор ва фаъолияти мо ба шахсиятҳои дигаре низ монандӣ дорад. Дарки ин тарафи фалсафии фаъолияти роҳбарӣ, ба мо имкон медиҳад, ки мавқеъ ва мазмуну мундариҷаи мақсадгузории хешро муайян созем ва вобаста ба он рафтор намоем, яъне самараи асосии мақсадгузорӣ ин пеш гузаштан аз ҳамрадифони худ ё ин ки қадаме ба пеш барои худи Шумо мебошад. Бинобар ин, қоидаи худбовариро дар мақсадгузории олӣ ҷорӣ намудан шарти зарурӣ буда, дигар ягон қувваи бадхоҳ, носолим, беғайрат ва ҳатто тарси марг сари роҳатонро бояд гирифта натавонад.
Бояд гуфт, ки тамоми одамони «бузург» пешвоии худро дар асоси мақсадгузориҳои олӣ ва боварӣ бо худ амалӣ гардонидаанд. Маҳз ҳамин хислати роҳбарӣ нишонаи ба худ ҷалб намудани зердастон ва атрофиён буда, онҳо низ аз қафоятон пайравӣ менамоянд. Агар иродаи қавӣ ва ба худ боварии комил дошта бошед, аз байни тӯдаи одамон бурида мегузаред ва онҳо бароитон роҳ мекушоянд. Вақте агар каме дудилагӣ ва тарсончакӣ дошта бошед, ин тӯдаи мардум Шуморо зери пой монда несту нобуд месозанд.
Ба ин васила инсоне, ки бе мақсади муайян, зиндагӣ ва кору фаъолият дорад, монандӣ киштие мебошад, ки дар уқёнуси пуртуғён сарнишини худро гум кардааст.
Кори пурмашаққат ва хислати хуб барои таъмини «Зиндагонии хуб» ҳанӯз нокифоя мебошад, чунки вақте дар пеши худ мақсади муайян надоред, наметавонед дарк намоед, ки ба муваффақият сазовор гаштаед ё не. Умуман, агар дар Шарқ, махсусан, тоҷикон шахсияти дорои мақсадҳои бузург ва шуҷоатмандро ҳурмату эҳтиром намуда, онҳоро дӯст медоранд. Аз тарафи дигар, роҳбаре, ки мақсади асосиро муайян карда наметавонад, новобаста аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо