Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дунё табдил ёфт. Дар ин ҷо бартарии фаъолияти Форд дар он аст, ки ӯ моҳияти «Қувваи ташкили якуоии ақлҳоро» дарк ва истифода карда тавонист, вале ҳамкори ӯ инро нафаҳмида, фақат аз қувваи худ истифода бурдӯ халос.

Мо пешниҳоди онро дорем, ки ин масоил бояд нишони олии мақсадгузории роҳбарии замони муосири тоҷикон гардад, чунки миллати тоҷик қобилияти баланди илоҳии дарки масоилро доранд.

Таҳлилҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки сабаби асосии зиёда аз 95% нобарориҳои ҳаётӣ ва кории одамон ин муайян набудани мақсади асосии онҳо дар рафтор мебошад. Фақат 5%-и боқимонда кору фаъолиятеро иҷро мекунанд, ки ба худи онҳо писанд аст ва ақидаи самаранокии истифодаи захираҳоро доранд. Вале 95% шахсоне, ки гӯё бахт ба онҳо намехандида бошад, ин фикрро дар сар надоранд.

Мақсади мо низ дар он мебошад, ки роҳҳои халосӣ аз ин бадбахтиҳоро омӯзонда, рафтори иқтисодии роҳбарии худро тарзе ба роҳ монед, ки манфиат ба даст оварда, аз зиндагӣ ҳаловат бубаред. Дар ҳақиқат даҳшат аст, вақте ки 95% одамон дар зиндагӣ мақсади муайяне ва ё тасаввуроте дар бораи мақсадгузории «Олӣ» надошта бошанд. Ин албатта як нуқсони вазнини инкишофи ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, бояд ҳар чӣ зуд ҷамоаи тоҷик ва умуман ҷаҳониён аз ин халосӣ ёбанд. Чуноне, ки дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид мешавад:

Ба мӯъмин илм ёру ҳилм ёвар,
Хирад ӯро ҳамеша ҳамчу сарвар.

Ҳама гуна мақсади аниқи асосӣ дар шуури инсон ҷойгир буда, одамро водор месозад, ки фикр, андеша ва кӯшиш кунаду тамоми ҳастиашро барои амалӣ гардонидани он мақсад равона созанд.

Барои ноил гаштан ба иҷрои мақсадҳо, як қатор пайдарпайии мантиқии фаъолиятҳо вуҷуд доранд, ки мо бояд риоя намоем.

  1. Мақсади Олии ҳаётии фаъолият бояд баъди таҳлилҳои пурра ва ҳаматарафаи имконот ва ҳолатҳо муайян карда шаванд.

  2. Мазмуни мақсадро сабт ва дар ҷои намоён овезон карда, гаштаю баргашта атрофи амалӣ гаштани он андеша бояд кард.

  3. Нақша ва роҳи пайдарпайи ба мақсадрасиро тартиб додан.

пешина
аз 566
навбатӣ