Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Дар ҳолатҳои ногувори зиндагӣ.

  2. Дар ҳолати қабули муваффақиятҳои дигарон.

  3. Дар ҳолати варзиш ва мусобиқаҳо ва гр.

Барои омӯзишу аз худ намудани ин пайдарпайии фаъолияту рафтори кормандон албатта, вақту таҷриба ва донишу кӯшиши зиёд зарур аст. Вале ин ҷараёни бемайлон буда, омили асосӣ мақсадгузорӣ ва бовар кардан ба менеҷмент мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ин фаъолият ҳамчун омили асосии роҳбарӣ ҳисоб ёбад. Ҳар як роҳбар дар ҷараёни роҳбарӣ, албатта, ба фиреби касе ё нашинохтани шахсияте гирифтор шудааст, ки сабабгори иҷро нагаштани мақсадҳои асосӣ гаштааст. Банда низ чандин маротиба ба ин аҳвол гирифтор шудаам. Аз ин ҷо зарур шуморидем, ки ба ин масъала диққати махсус диҳем.

Хонандаи азиз, Шумо аллакай пай бурдед, ки дар ин ҷо мақсадгузорӣ аз доираи он омилҳое, ки мо дар қисмати 2-3-юми китоб баён карда будем, баромада ба зинаи дигар мепечад, яъне боз бо ақлу хиради қавитар дучор мегардад, ки метавонад фикру ақидаатонро қабул намояд ё не ва ё дар маҷмӯъ бо истифодаи фаҳмишу дониши худ сади роҳ мешаванд, то мақсадҳои олии Шумо иҷро нагарданд. Ин майдон хеле мураккабу васеъ буда, фақат донишу хиради роҳбарӣ талаб менамояд, ки онро «Қувва»-и роҳбарӣ низ мегӯянд.

Зинаи дигари мақсадгузории роҳбарӣ истифодаи оқилонаи донишу хиради кормандон ва мутахассисони менеҷмент буда, ташкили қувваи бузурги ақлонӣ мебошад. Инро дар роҳбарӣ «Ақли Олӣ» низ мегӯянд. Тавоноии роҳбарӣ дар менеҷменти муосир ин истифодаи занҷирии қувваи ақлонӣ (зеҳнӣ) буда, ба пайдарпайии ташкил ва ташаккулу мувофиқакунонии зеҳнӣ вобастагии қавӣ дорад.

Чуноне, ки дар хиради менеҷменти тоҷик мефармоянд:

Бувад хушбахт ҳар фарде, ки гирад

Зи кору саргузашти дигарон панд.

Аз тарафи дигар, ин тавоноӣ сарвату боигарӣ мебошад. Чуноне ки ривоят мекунанд, дар заводи, ки Форд фаъолият дошт, ҳамроҳаш шахсе кор мекард, ки аз ӯ дида хубтар фаъолият менамуд. Ин шахс то охири умр фаъолияти софдилона карда, танҳо ба маоши худ зиндагонӣ мекард. Вале Форд бошад, аз донишу хиради дигарон истифода карда, ба яке аз шахсони сарватмантарини

пешина
аз 566
навбатӣ