Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

атрофиён таъсири калон мерасонад. Аз тарафи дигар, дониши мо ин дониши ҷамъият аст, яъне мо берун аз ҷамъият ба чизе қодир нестем, чуноне ки бузургони мардуми тоҷик мегӯянд:

Зи илмат баҳравар соз мардум,
Дареғаш ту мадор аз дигарон ҳеҷ.

Аз ин нигоҳ, хуб мебуд, агар мо дар атрофи муҳити солими донишмандӣ умр ба сар барем. Дар ташкилот ва муассисае, ки роҳбарӣ менамоед, бояд диққати худро ба он равона созед, то аъзоёни даста ҳама донишманд ва ҳунарманди асили касби худ бошанд. Дар он сурат худи Шумо низ инкишоф меёбед ва сатҳи донишатон қавитар мегардад.

Дар ҳолате, ки дар дасти роҳбариатон аксарият саводи кофӣ надоранд, камхирадӣ ва камдонишиатонро худатон дарк накарда, ба муаммоҳои вазнин гирифтор мешавед, ки калидашон танҳо дониш ва таҷрибаи андӯхта мебошад.
Аксари донишмандони тоҷик таъкид бар он доранд, ки бедониш кӯр аст, куҷо рафтанашро намедонад, бедониш тарсончак аст, ғайрати иҷрои кор надорад, бедониш беқувват аст, дар майдони мураккаби зиндагӣ несту нобуд мешавад ва сабаби ҳамаи он муаммоҳое, ки ба сари мову шумо меояд ин аз камсаводии ҳар яки мост, яъне дониши мо барои ҳалли дурусти масоил басанда нест.

  1. Донишманд ва хирадманд будани роҳбарро на фақат дар супоришу қарору фармонҳо, балки аз натоиҷи он, яъне аз меваи хиради ӯ муайян месозанд. Иҷро ва натиҷагирии қарори донишмандонаи роҳбарӣ ин нишонаи қабули амалии дониши ӯ буда, имконоти онро дорад, ки одам метавонад ба носираи ақлу хиради худ дар олам дигаргунии куллӣ ворид созад ва тасаввури воқеии одамонро тағйир диҳад. Аз нигоҳи донишмандони тоҷик, авваллан, он меросе ки аз инсон ҳазорсолаҳо боқӣ мемонад ин номи нек ва накӯкорӣ аст.
    Бинобар ин, ҳидояти ҳамон бузургон ва мо низ дар навбати аввал ба некию накӯкорӣ дар фаъолияти роҳбарӣ буда, таъкид бар он дорем, то ин нишонаи хиради роҳбариро ҳар чӣ қадар тавонем, омӯзем ва дар амал истифода кунем, чунки он ҳама вақт манфиат меораду халос.

  2. Дар ҳама ҳолат дониш ва хирадпро покӣ ва покдоманӣ, ҳалимӣ ва тозагии
    виҷдон зебо мегардонад. Ин чор унсур барои ҳар як роҳбар хусусияти худро
    дошта, дар рафтор ва гуфтори ӯ зоҳир мегардад. Донишманд ва хирадманди

пешина
аз 566
навбатӣ