Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳақиқӣ дар муносибатҳои воқеии зиндагӣ кору фаъолият карда, ҳеҷ гоҳ дар ниҳоди худ нияти бад надошта бошад ва фикру ақидаи шахсони алоҳидаи камхирад набояд хислату ақидаи ӯ дигар созанд. Зинаи олии рӯҳии дониш ва хирад маҳз дар муносибат бо одамон, яъне сухани ширину пурмазмун гуфтан ва покии нияти он ба вуқӯъ мепайвандад. Дар асоси чунин нигоҳ роҳбари хирадманд андешаронӣ ва рафтори худро нисбат ба табиат ва олами ҳастӣ бояд амалӣ гардонад.

Маҳз чунин як ҷараён ифодаи воқеии донишу хирад буда, дар дӯстдорӣ, лаззат ва ҳаловат бурдан, рӯҳия ва қувват гирифтан ва ё ғамгин шудани одамон мушоҳида гардида, тарафҳои идеалии дониши Шуморо нишон медиҳад. Бинобар ин, ҳалимӣ, ширин ва дақиқу пурмазмунии сухан, поктинатию рафтори ҳамида ва ғ. натиҷагирии мусбии фаъолияти роҳбарӣ мебошад. Ба қавли бузургонамон «Шумо чизе ки коридед ҳамон мегиред, ҷав коридед, ҷав мегиреду арзан коридед - арзан», яъне агар некрафтору хушзабон бошед бо Шумо некрафтору хушзабонанд, вагарна не.

Ҳамин тариқ, донишмандӣ ва хирадмандӣ ин нишони ақлонии роҳбарии мо тоҷикон буда, дар ҳолатҳои дар боло овардашуда муайян гашта, шахсиятҳои воломақом асосан дар асоси ҳафт шакли васеи фаҳмишҳо баҳо дода мешуданд ва инкишофи менеҷменти муосир аз онҳо вобастагии калон дорад:

  1. Донишу хиради роҳбарӣ ин шакли олии донистани фаъолияти рӯҳии одамон мебошад.

  2. Донишу хиради роҳбарӣ ин олами ботинӣ ва зоҳирии роҳбар аст.

  3. Донишу хиради роҳбарӣ ин худшиносии роҳбар аст.

  4. Донишу хиради роҳбарӣ ин муносибат ба олами ҳастӣ мебошад.

  5. Донишу хиради роҳбарӣ ин тағйирот ва тасаввуроти нек дар оламу одам аст.

  6. Натиҷагирии самараноки фаъолияти роҳбарӣ, нишони волои донишу хиради роҳбарист.

  7. Ҳалимию ширинзабонӣ, покию ростӣ нишонии донишмандии роҳбарӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки вазифаи асосии рафтори роҳбарӣ бо истифодаи ин донишҳо ташкили фаъолияти самараноки корӣ ва манфиатнокии боигарию захираҳоро дар

пешина
аз 566
навбатӣ