Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
сеюмин инъикоси фаъоли асаб аз олами беруна номидаанд. Дар ҳақиқат, дар ҳолатҳои алоҳида ҳодисаҳое мушоҳида мешаванд, ки ҳар се ҳолат мушоҳида мешаванд. Мақсади мо низ дар ҳалли масоил истифодаи якуҷояи ин се омил мебошад, ки мо онро хиради роҳбарӣ номидаем, чунки ин се омил асоси таъмини шароити хуби зиндагӣ ба ҷомеа мебошад, на характеру хислати роҳбари алоҳида.
Мо дуогӯи он ҳастем, ки дар ҳар як роҳбар тамоми он хислатҳои донишмандӣ, ки файласуфон пешниҳод менамоянд, вуҷуд дошта бошанд.
Бино ба таъкиди хирадманди бузурги тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад», яъне тавоноии роҳбар донишмандии ӯ буда, дар ҳар сурат инкишофи рӯҳию физиологияш ва рафтори роҳбариаш бевосита ба он вобастагӣ дорад, ки ӯ худро ба олами тағйирёбандаи ҳаёт мутобиқ кардааст ё не. Чуноне ки хирадманде фармудааст:
Тамоми умр илму дониш андӯз, Фаромӯшӣ заволи илм бошад.
Аз дигар тараф оё ӯ роҳбари замонавӣ мебошад? Ба талаботу хусусиятҳои замон ҷавобгӯй ҳаст ё не? Албатта, ин ғайр аз омилҳои субъективӣ боз аз омилҳои объективӣ низ сахт вобаста буда, ҳар як роҳбар онро бояд ба хубӣ дарк намояд ва дар ҳолати зарурӣ ва дар синну соли муайяншуда аз майдони роҳбарӣ берун барояд. Ин нуқтаро тамоми бузургони тоҷик дар асарҳои худ баён намудаанд. Мо дар боби 44-уми китоби мазкур аз номи он бузургон пешкаш намудаем, ки қисме онро «шикоят аз пирӣ», «беқувватӣ», «қомати ҳамида», «пириро пирӣ мебояд», «замонай дигар», «вақти дуо», «камқувватию бедармонӣ» ва ғайра маънидод карда, аксарият 60 солагиро нуқтаи охирини гардиши айём (нафақа), қабул доранд. Мо бошад, хонандаи азиз, таъкиди дигар дорем, ки чӣ қадаре ҳунар ва қудрати хизмат кардан ба мардумро доред, то 60 солагӣ самаранок амалӣ гардонида, баъдан донишу хиради худро дар шакли китобу насиҳату дуо ва дастуру маслиҳат омода намуда, майдони роҳбариро ба мутахассисони боғайрат фарзандони ояндаи миллатамон вогузор созад.
Хирадмандии роҳбарӣ ва футуввати инсонӣ низ ҳамин аст.
- Албатта, аз донишу хиради мо дигарон баҳра ва лаззат бурда, муайян
месозанд, ки мо то чӣ андоза оид ба ин ё он масоил донишманд ё роҳбари
хирадманд ҳастем. Бинобар ин, тамоми ҷараёни роҳбарӣ ва донишомӯзии мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо