Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҳақиқат ҳамон аст, ки мо мебинем ё мешунавем. Албатта, дар ин ҷо низ мо бояд берун аз худ истода каме андеша намоем ва агар қобиляту имкони дарку тасаввури худамон нокифоя бошад, ба донишмандону мутахассисон ва бештар ба китоб муроҷиат намоем. Ба ақидаи донишманди тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёр нест», яъне беҳтараш ба китоб муроҷиат намоед. Дар ин ҷо мо ба роҳбарон муроҷиат менамоем, ки дар ҳама зинаҳо бояд аввалан масоилро пурра ва ҳаматарафа дарк карда, баъдан ба натиҷагирӣ ва фаъолият шурӯъ намоед.
-
Аломати дигаре, ки мехоҳем таъкид намоем, ин хислати хоси инкишофи замони муосир мебошад, яъне барои роҳбарон имрӯз суръати ҳаракати ахбор чунон тез гардидааст, ки онҳо рӯҳан қобилияти дарку пурраи ҳар як масоилро надоранд. Аз ин хотир, ҳолатҳо босуръат тағйирёбанда буда, аз роҳбар дарки худи он талаб карда мешавад. Худи ҳодиса дар кадом ҳолати рӯҳӣ ба вуҷуд омадааст, киҳо ва дар кадом ҳолатҳо сабабгори ин ҳодиса мебошанд, кадом қувваҳои дигар ин ҳодисаро ба майдон овардааст, аз ҷумлаи унсурҳое мебошанд, ки роҳбарро зарур аст ба инобат гирад ва баъдан хулосабарорӣ намояд. Дарки ҳолатҳо дар навбати аввал тасаввур ва фаҳмиши масъала аз тарафи худи роҳбар, баъдан омӯзиши мазмуни мантиқии пайдоиши масъала ва натиҷагирӣ мебошад. Ин дар илми роҳбарӣ худшиносӣ ё худ худинкишофёбӣ дар натиҷаи мушоҳидаи ҳаётии масоил ва субъектҳое, ки онро ба вуҷуд оварда, амалигардонии онро новобаста аз хоҳиши роҳбар таъмин месозанд, номида мешаванд. Албатта, дарк ва муайян кардани ҳақиқати ҳол хеле ва хеле мушкил аст, чунки дар баробари Шумо боз қувваҳои ақлонии бадхоҳ, ки шояд бо ҳилаю фириб нисбат ба Шумо донотар буда, ба раванди ин ҷараён ё ҳодиса мусоидат менамоянд. Ин гурӯҳи одамон ният доранд, ки ба обрӯю эътиборатон таъсири манфӣ расонида, худашон ба ҷои Шумо роҳбар шаванд ё ҳеҷ набошад, сади роҳи пешрафти фаъолиятатон гарданд. Бинобар ин, роҳбарро зарур аст, то кадом андозае тавонад ҳолати рӯҳию субъективиро аз байн бардошта, баъдан ба ҳалли масоил шурӯъ намояд.
-
Дар фалсафаи донишҳои нави замонавии роҳбарӣ донишмандону
олимони дунё ақоиди гуногун доранд, гурӯҳе пурра инро хусусияти хоси шахсҳо
ва худододӣ мегӯянд, гурӯҳи дигари донишмандон инро олами дохилаи инсонӣ ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо