Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Дониш дар ҷараёни роҳбарӣ на фақат ба объекти идоравӣ, балки бештар ба худи Шумо таъсири калон мерасонад, яъне рафтор ва қарори донишмандонаи роҳбариатон ба обрӯю эътиборатон дар оянда ва натиҷагирии он мавқеатонро ҳамчун роҳбар дар ҷамъият муайян месозад. Аз дигар тараф, ин дараҷаи худшиносии худи роҳбарро муайян месозад, ки то кадом андоза дорои қобилияти фаҳмишу дарки ин ё он масоил мебошад. Баъзан донишро олимон ҷараёни «ақида - фикр дар фикр - олами ботинӣ» низ мегӯянд, яъне дониш ҳамаи он дигаргуниҳое, ки дар худи мо пайдо мегарданд, номида мешавад. Ҳар як шахс мувофиқи фаҳмиши худ аз дарахти пурбори дониш истифода мебарад ва вобаста ба он ҳосил мегирад.

Бинобар ин, роҳбар дар баробари қарори донишмандона қабул ва хирадмандона рафтор намудан, ҳамон қадар натиҷаи пурсамари гирад, яъне нуқтаи асосии натиҷагирӣ аз инкишофи роҳбар ва донишмандии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Дар ин ҷода низ баъзе донишмандон ва олимон дар ин ақидаанд ва мо низ чунин ақидаро тарафдор ҳастем, ин ду омили асосии якҷоя дониш ё худ дарки масоилро дар фаҳмиши шахс пурра мекунад; қобилияти модарзодии шахсиятҳо ва донишу таҷрибае, ки дар зиндагӣ ва роҳбарӣ онҳо андӯхтаанд.

  1. Муҳити зиндагӣ ва роҳбарӣ низ яке аз сарчашмаҳои дониши шахсият гардида, таъсири он оҳиста - оҳиста дар дониш ва рафтори роҳбарӣ нақш мебандад ва ба олами ботинии вай ворид шуда, аксар маврид сабабгори рафтори одилона ё ғайриодилонаи роҳбарӣ мегардад. Барои он, ки чунин омили манфӣ гирифтор нашавем, ҳар як роҳбар вазифадор мебошад, ки қобилияти рӯҳии дохилаи пурӯре дошта бошад, ки ба олами носолими беруна доимо ғалаба карда тавонад. Ақидаҳои солим, олами тасаввури зиндагонии хуб, ба ақидаи донишмандии бузурги тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ «аз худ берун баромада, ба худ бо нигоҳи хирад нигаристан» буда, метавонад моро ба мақсади хубамон расонад.
    Ё ин, ки бо ақидаи Бедили бузург «бо ҳидояти Мани ман» бояд рафтор кард.

Олами дохилаи ҳар як сарварро бояд ақидаҳо ва тасаввуроти бою рангине ташкил диҳад, ки дар шахси оддӣ дида нашавад. Чунин ганҷинаро фақат дар натиҷаи донишазхудкунӣ метавон такмил дод ва пурра кард.

  1. Ҷудо карда тавонистани дониш аз фаҳмишҳо ва рафторҳои алоҳидаи
    фардии одамон, яъне аз нигоҳи назариявӣ оё субъекти муҳокимашаванда дар
пешина
аз 566
навбатӣ