Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

барои барқарор намудани давлати соҳибихтиёри миллӣ тайёр намоянд. Махсусан, вақте ки мавқеи ашрофиён дар Хуросон ва Мовароуннаҳр бо омадани сулолаи Тоҳириён, Саффориён ва баъдан Сомониён мустаҳкам мегардад.

Хонадони Тоҳириён баъди муборизаҳои зиёд соли 821 ҳокими Хуросон таъин мегарданд ва дар вилоятҳои дигари Осиёи Миёна низ ҳукмронии мустақилро ба даст меоранд. Дар замони ҳукмронии Тоҳириён сохтори идорӣ беҳтар гардида, обёрии заминҳо хеле сурат мегирад, қонунҳои махсуси истифодаи об қабул карда мешаванд, ки ин ба зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сабаб мегардад. Корезҳои хуби обёрӣ имкон доданд, ки заминҳои бекорхобида истифода карда шаванд ва сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ баланд шудан гирифт.

Оиди андозу андозситонӣ низ тағйиротҳои куллӣ ба миён меоянд. Андози зироат ва обу замин, амвол аз рӯи адлу инсоф ҷорӣ карда шуда, ба касе имтиёз дода намешуд. Бо чунин роҳ қадре адлу адолат ва баробарию бародарӣ мавқеъ пайдо мекард, ки ин эътимоди мардуми ин сарзаминро ба роҳбарии Тоҳириён комил мекард. Андози тоҷирон низ хеле вазнин буд, ки ин садди роҳи инкишофи тиҷорат ва пайдоиши тоҷирони калон дар ин сарзамин гардида буд. Дар ин бобат ҳокимон мехостанд, ки аз қонунҳои дини ислом истифода карда, рӯҳониёну диндорони бузургро ба роҳбарӣ ҷалб намоянд. Инчунин, бо мақсади босавод гардонидани амалдорони маҳаллӣ дониш ва омӯзиши илмҳоро дастраси тамоми мардуми қобилиятнок гардонанд. Абдуллои Тоҳирӣ (844-862), ки мисли падари худ шоир буд, одамони босаводро ҳурмату эҳтироми зиёд дошт ва кӯшиши зиёде ҳам ба харҷ дод, ки мардуми маҳаллӣ босавод гардад ва то андозае ин кор ба ӯ муяссар гардид. Баъзе муаррихон ин давраро огоҳии эҳёи маданияти маҳаллӣ номиданд. Дар дарбори Тоҳириён забони форсӣ дар қатори забони арабӣ амал мекард ва китобхонае, низ дар Марв вуҷуд дошт, ки дар он асарҳои зиёде бо забонҳои қадимии форсӣ нигоҳ дошта мешуданд ва мутолиа мегаштанд.

Дар охири асри IX Саффориён ба сари ҳокимият меоянд, ки дар ҳайати онҳо аксар тоҷирому заминдороне буданд, ки дар замони Тоҳириён муфлис гашта буданд. Соли 873 Яъқуб ибни Лайс Нишопурро зери тасарруфи худ

пешина
аз 566
навбатӣ