Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таъмини адлу инсоф хеле дақиқ баён шуда буд. Холиди Бармакӣ яке аз ёварони Абумуслими Хуросонӣ, ки аз хонадони бонуфузи Балх буд, ба вазифаи садри аъзам таъин шуд ва дар ҷалб намудани форсҳо дар давлатдории араб ва ҳокимии маҳалҳо мақоми хоса дошт. Дастурамали низоми давлатдорӣ, ки аз тарафи форсҳо тартиб дода шуда буд, «Саҳоба» ном дошт, ки барои тамоми низоми давлатдории исломӣ низоми боадлона ва боақлонаи форсиро тавқим медод. Бо кӯмаку дастгирии хонадонҳои бонуфузи форс Бармакиҳо, Мусоиҳо, Навбахтиҳо, Саҳлиҳо ва Абусалмаю дигарон, суннатҳои гузаштаи аҷдодии онҳо барпо гардида илму маърифат ривоҷ гирифт. Арабҳо, ки худ мардуми ҷоҳил ва аз фарҳанг дур буданду ба таълиму тарбия ва саводнокӣ он қадар диққат намедоданд, ба вазифаи аксари қозиёни халифати араб форсҳоро таъин карданд. Бинобар ин, дилпурона метавон гуфт, ки таҳким ва пойдевори ислом маҳз тавассути мардуми эронитабор сурат гирифта, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Дар байни онҳо Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Хоҷа Собит (699 - 767) мақоми махсус доштааст, ки имрӯз мо тоҷикон пайравони онҳо мебошем. Маҳз Имоми Аъзам озодандеширо дар фалсафаи ислом ворид сохт, ки дар он инкишофи ақлу хиради башарӣ мақоми хоса дорад.

Оиди донишмандию бузурггии мардуми форс гуфтаҳои пурмӯҳтавои паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро метавон мисол овард, ки фармуданд: «Агар дониш ба гардани осмон даровезад, қавме аз мардуми форс бад-он ноил меоянд ва онро ба даст меоваранд».1

Шурӯъ аз солҳои 20-уми қарни VIII ба арсаи сиёсат хонадони Тоҳириён, Саффориён ва баъд аз онҳо Сомониён ворид гаштанд, ки дар таърихи ташаккули давлатдории тоҷикон нақши заррини худро бозида, дар ташкили системаи нави роҳбарии тоҷикон баъд аз хилофати араб хизмати шоиста кардаанд. Ба намояндагони бузурги ин хонадонҳо муяссар гардид, ки дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон маҳалеро ташкил диҳанд ва ҳукмронии мустақилона намоянд.

Дар солҳои охири ҳукмронии хилофати арабҳо дар маҳалҳои тоҷикнишин амирому ҳокимони маҳаллӣ вилояту минтақаҳоро роҳбарӣ мекарданд. Ин имкон дод, ки гурӯҳҳои ашрофиёни маҳаллӣ иқтидори худро вусъат бахшида, мардумро

1 Ибни Халдун. Муқаддима, с. 115 - 116.

пешина
аз 566
навбатӣ