Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гуфта ба Ҳиндустону Хитой ва дигар давлатҳои дур фирор карданд. Инкишофи фарҳангию маданӣ ва иқтисодии миллати тоҷик ба фосилаи фарсахҳо қафо рафт.

Баъд аз шӯришҳои пайдарпайи тоҷикон, бо сардории Абумуслими Хуросонӣ солҳои 747 - 750 дар бисёр вилоятҳо хонадони Уммавиёни араб аз байн рафта, хонадони Аббосиён ба тахт нишастанд. Вале тоҷикони боору номус хомӯш нанишаста, барои озодии давлатдории хеш ва Ватани бузургашон мубориза мебурданд. Шӯриши Синбоди Муғ, устод Азиз, Муқаннаъ, Ҳамза ибни Атрок ва муборизаи беамони олимони тоҷик ба монандӣ Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯҷаъфари Хуросонӣ ва дигарон дар таърих мақоми хоса доранд. Чунин ҷонбозиҳои фарзандони боору номус буд, ки муттаҳидии миллати тоҷикро ба вуҷуд овард ва бо ақидаи устод Бобоҷон Ғафуров сабаби асосии пайдоиши давлатҳои муттамаркази маҳалии Осиёи Миёна ва Эрон гардид. Дар натиҷаи шӯришҳои пайдарпайи тоҷикон арабҳо маҷбур гаштанд, ки сиёсаташонро дар роҳбарӣ тағйир диҳанд. Ба онҳо мухторият дода, маҷбур шуданд, ки аз ашрофиёни маҳаллӣ дар вилоятҳо амир таъин кунанд.

Тоҷикон, ки қобилияти баланди илоҳии сарварӣ доштанд ва донишмандони бузург буданд, дар як муддати кӯтоҳ дар хилофат обрӯю эътибори калонро соҳиб гаштанд. Мисол, хонадони Бармақиҳо аз Балх, Тоҳириён дар сарзамини Хуросон, Саффориён, ки намояндаи ин хонадон Яқуб ибни Лайс ҳокими Сиистон буд ва дигарон. Ба ақидаи Бобоҷон Ғафуров, Саффориён дар пешрафти маданияту иқтисодиёти маҳаллии тоҷикон, дар ҳамон давра нақши калонро бозидаанд.

Дар таълимоти худи ислом низ пайвастагии наздики мардуми форс ва исломшиносони араб дида мешуд. Намунаи барҷастаи он Салмони Форс, ки аҳли хонадони паёмбари ислом Муҳаммад (с) буданд ва дар таърих шахси хеле маъруф арзёбӣ гардидаанд.

Бояд гуфт, ки арабҳо дар идора ва корҳои давлатдорӣ таҷрибаи кофӣ надоштанд ва маҷбур буданд, ки дар аввали хилофатдорӣ аз хат ва забони форсӣ истифода намоянд. Халифа Умар дар ҳисобу китоб аз девони давлатдории Сосониён истифода намуда, девонҳои муҳосибот ва котиботро бо забони арабӣ тарҷума карданд. Дар Ойинномаи Сосониён низоми давлатдорӣ хеле саҳеҳ нишон дода шуда, меъёрҳои ахлоқӣ, ҳақу ҳуқуқи ҳокимон ва амирон барои

пешина
аз 566
навбатӣ