Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
медарорад. Халифаи Бағдод бошад аз тарси он ки фоҷиаи калон ба вуҷуд наояд, соли 874 хоки Хуросонро ба Яъқуб ибни Лайс супорид. Новобаста ба он, ки Яъқуб худ низомӣ ва хеле хоксору далер буд, дар байни лашкариён низоми хеле сахт ҷорӣ намуд. Гарчанде Яъқуб пештар оиди беҳтар кардани шароити зиндагонии мардуми оддӣ ва бозаргон ваъдаҳои зиёде карда бошад ҳам, вазъият тағйир наёфт. Аҳволи мардум мисли пештара хеле вазнин буд. Яъқуб дар салтанатдорӣ ба заминдорону моликиятдорон такя мекард. Қоида ва талаботҳои пештараи идоравӣ умуман тағйир дода нашуданд. Баъзе ривоятҳое вуҷуд доранд, ки Саффориҳо барои истифодаи мазҳаби шиаҳо, ки худашон онро мепарастиданд, хеле кӯшиш намудаанд.
Чунин саҳлангорӣ дар кори давлатдорӣ ва ҳукмронӣ, беадолатӣ ва ҷабру ситам нисбати идораи мардуми меҳнаткаш ба он оварда расонид, ки давлатдории Саффориён дар муддати 10 - 11 сол аз байн рафт.
Хонадони Сомониён, ки то ин замон ба Тоҳириён тобеъ буданд, маҳалҳои пурқуввати тобеи худро доштанд ва ному нуфуз ва эътибори худро дар байни мардуми маҳал соҳиб буданд ва ин имкон дод, ки онҳо ҳукмрониро ба дасти хеш гиранд. Мо оиди мақоми таърихии давлатдории хонадони Сомониён дар ташаккули таърихии мардуми тоҷик, дар мавзӯи алоҳида ибрози андеша менамоем.
43.3. Ташаккули хиради роҳбарии тоҷикон дар замони давлати Сомониён
Пайдоиши давлати Сомониён ва инкишофи он дар таърихи инсоният бо номи Оли Сомон шинохта шудааст. Дар ҳақиқат ин давра дар таърихи давлатдорӣ ва роҳбарии тоҷикон мақоми олӣ дошта, системаи роҳбарии давлатӣ ва маҳаллӣ ба зинаи баланде коркард ва истифода шудааст, ки мислашро дар таърих ягон халқу миллате беҳтар ташкил накарда буд.
Мо зарур шуморидем, ки ин хиради волои роҳбариро, ба менеджменти имрӯзаи Тоҷикистон, ки хеле мақбул асту аз фоида холӣ нест, ҳаматарафа пешкаши хонандаи азиз гардонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё