Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
«ҳокимият ва зан ин ду кайфияти якхела буда, дар як бистар ҷой намегиранд», чунки доимо онҳо дар рақобати шадид қарор дошта, оқибат якеро мағлуб мекунанд. Аксар маврид аввал ҳокимият мағлуб гардида, занро низ шикаст медиҳад. Махсусан, дар ҳолате, ки зани шаҳватпараст дар зинаи баланд роҳбар аст, ин ҷараён бисёр хатарнок буда, ҳатто метавонад ба нобудшавии ҳокимияти давлатӣ оварда расонад, ки дар ин бора дар боби 43-юми ҳамин китоб ба Шумо гуфта гузаштаем. Бояд гуфт, ки дар замони худ маликаи (королева) Англия, Елизавета I (1533-1603) баъди чандин соли ҷустуҷӯҳои шавҳари муносиб бешавҳар монда, менависад: «Ман фикр мекунам, ки беҳтараш камбағали шавҳардор бошам, нисбат ба он ки маликаи бешавҳар».
Дар ҳақиқат ҳокимият паҳлӯҳои гуногун дошта бошад ҳам, дар асл яккасардориро мепарастад. Ин талабот ҳар як роҳбарро маҷбур месозад, ки дониши баланд ва хиради баланди фардиро касб намуда, дар майдони роҳбарӣ бозингари асосие бошад, ки ҳунари хоси худро дошта бошад, на ҳамчун ҳайвони ромкардашудае мувофиқи ишораи тамзимкунандаи дигар рафтор карда, чӣ кор карданашро ҳатто худаш дарк накунад. Бинобар ин, қоидаи хиради менеҷмент моро ба он ҳидоят мекунад, ки вақте ба фикру ақидаи Шумо гурӯҳҳои муайяни бадхоҳ таъсир расонида наметавонанд, он гоҳ Шумо доимо дар баландӣ буда, ҳокимият ва мавқеи роҳбариатон мустаҳкам аст. Ин ҷараён ҳар қадар дер давом кунад, ҳамон қадар обрӯю эътиборатон баланд рафта, аз касе вобастаю дасткӯтоҳ намешавед ва сазовори эҳтироми баланди мардум мегардед. Аз тарафи дигар, хоҳиш ва ё талаботи одамӣ ин монанди бемории сирояткунанда аст, ҳар қадар ба организм зиёд дохил шавад, ҳамон қадар чуқур рафта, оқибат органисми солимро аз пой афканда, несту нобуд месозад.
Барои роҳбарон боз нуқтаи хавфноктар, аз тараф талаботи худи инсонӣ
бошад, аз тарафи дигар масраф шудани қувваи ҳокимиятатон мебошад, ки аксар
маврид ин ҷараёнро тезонида, чӣ тавр дар гирдоби талаботҳо мондани хешро
ҳис намекунеду дар куҷо қарор доштаатонро надониста, мавқеи роҳбариатонро
тез аз даст медиҳед, чунки дар камин аксар одамони бадкирдор, хушомадгӯй ва
мансаблаъбу сарватдӯст ҳамин лаҳзаро солҳои дароз боз интизоранд. Ҳамин ки
аз як кунҷе пайраҳаи хурдакак пайдо гашт, дарҳол онро ба роҳҳои калон табдил
дода, Шуморо бо тӯҳфаҳои пайдарпай ба порагирию дигар маишатҳои бемаврид

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо