Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ки дар қаср пинҳон шудан, ин аллакай майдонро аз даст додан аст. Ҳар қадар қасри бузург сохта худро аз халқу душманон муҳофизат кардани шавед, ҳамон қадар мардум огоҳ мешаванд, ки Шумо ба чӣ кор машғулед ва дар кадом нуқтаи қаср қарор доред. Аз ин хотир, қаср шуморо на танҳо ҳимоя намекунад, балки якчанд муаммоҳое пеш меорад, ки худатон дар ҳайрат монда, аз ӯҳдаи иҷрои он баромада наметавонед.
Инсон, табиатан ҷузъи ҷамъият аст ва бе ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад, устувории ҳокимият бошад вобастагии қавӣ аз муносибатҳои иҷтимоӣ ва алоқамандии онҳо дорад. Бинобар ин, роҳбар бояд диққатро ба он равона созад, ки тамоми ҳодисаҳо ва фаъолиятҳо бо иштироки ӯ ва ё дар атрофи ӯ сурат гиранд то пурра аз онҳо бохабар бошад. Пинҳон шудан дар ин ё он қаср аз мардум, махсусан, дар ҳолатҳои номуайянӣ ва бӯҳронҳои иқтисодию сиёсӣ, ин нишони шикасти давлат ва ҳокимият аст. Дар ин ҳолат ҳар як роҳбар тамоми имконоту захираҳо, малакаю маҳорат ва дӯстию рафоқатро истифода карда, ҳамаро ба он равона созад то аз ин ҳолат халосӣ ёфта, ба муваффақиятҳо ноил гардад. Аз нигоҳи фалсафӣ низ бояд бигӯем, ки инсон худ як мӯъҷизаи иҷтимоие мебошад, ки бо якдигар зебо буда, гулугуншукуфиро пайдо мекунанд.
Алоқамандии зич бо одамон Шуморо зебо ва ҷилвагар мегардонад. Лекин дар хотир дошта бошед, ки вақте роҳбар ҳастед, ба тамоми кормандон нигоҳи якхела дошта бошед ва онҳо танҳо аз рӯи дониш, ақлу хирад ва кордонишон бояд фарқ кунанд ва талаботи роҳбарӣ аз ҳама якхела буда, иҷрои қарори идорӣ манфиати гурӯҳӣ надошта бошад.
Бинобар ин, қонунияти дигари хиради роҳбарӣ ин аст, ки роҳбар ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳбозӣ роҳ надиҳад.
Мавқеъ ва ҳокимияти роҳбарӣ ҳамон вақт мустаҳкам мегардад, ки Шумо
худро дар як масофаи муайяни корӣ аз кормандон нигоҳ дошта тавонед,
махсусан, вақте ки роҳбар намояндаи ҷинси латиф аст. Албатта, муносибатҳои
шаҳвонӣ ва дӯстдории ҷинсӣ дар ин қоида мақоми хеле муҳим дорад. Аксар
маврид роҳбарони зинаҳои гуногун ба чунин хато роҳ дода, вақте ба яке аз
кормандони худ наздик мешавад, ин аллакай роҳи иловагӣ ба роҳбар наздик
шудани рақибон буда, дар як муддати кӯтоҳ душманон низ аз ин истифода
карда, мавқеи роҳбарии Шуморо заиф месозанд. Аз нигоҳи рӯҳшиносон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо