Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қоидаи болоро овардан ин мазмуни қасри бошукӯҳ сохта худро аз мардум муҳофизат карданро надорад. Аз байни коллектив дур будан ва бо онҳо набудан низ хатари калони устувории роҳбариро шуморо дорад. Чуноне, ки ривоят мекунанд, ки «Дар замонҳои хеле қадим дар кишвари Чин подшоҳе ҳукмронӣ мекардааст, ки давлати хеле бузург дошта, молу мулки зиёдеро хазина кардааст. Қасри бузурге сохта, аксар вақти худро дар он ҷой мегузаронидааст ва дар байни мардум қариб, ки намебаромадааст. Дар қаср чунон ҳаракат мекардааст, ки дар куҷо будани ӯро фақат 1- 2 нафарони наздик медонистаасту халос. Агар касе тасодуфан, дар вақти гаштани ӯ дар қаср аз пеш мебаромадааст, ҳамон замон аз зиндагӣ маҳрум мешудааст. Агар ба шаҳр мебаромадааст, дар шакле, ки касе ӯро намешинохтааст. Кор ба ҷое расидааст, ки дар вақти яке аз сафарҳо ӯ дар роҳ вафот мекунад ва ҷасади сиёҳгаштаи ӯро баъди чанд рӯзе ба қаср дар тобути маҳкаме меоранд, то ки бӯи ғаливаш қасрро фаро нагирад».

Аз ин ҷо қонунияти дигари хиради роҳбарӣ пешниҳод карда мешавад, ки доимо дар байни мардум буда, бо онҳо дӯстии мустаҳкам бояд дошт. Талаботи ин қоида, пеш аз ҳама, худро аз ҳуҷуми душманон бо издиҳоми содиқ муҳофизат намудан аст, яъне ҷудо будан аз кормандон, ин маънои ҷудо будан аз сарчашмаи ҳокимиятро дошта, Шуморо аз нерӯю қудрати роҳбарӣ дур месозад. Шумо имкони гирифтани ахбори ҳақиқию заруриро гум карда, худро аз ин сарчашмаи дониш маҳрум месозед. Бинобар ин, ҳеҷ гоҳ аз майдони роҳбарӣ он қадар дур нагардед, ки назорату роҳбарии ҳолат аз даст наравад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки аксари амалиётҳои сарнагункунии ҳокимият дар вақти бо мӯҳлати зиёд дур будани роҳбар аз ҳокимият сурат мегирад. Роҳбар ё бемор аст ё дар рухсатӣ, бояд аз ҷараёни кори аҳли муассиса ва ё ташкилоти худ доим хабардор бошад. Бояд гуфт, ки дар замони муосир шакли идоравии менеҷмент намуди ҳамворро гирифта, барои фаъолияти даставии кормандон дар аксари давлатҳои пешқадам толорҳои калони корӣ ҷорӣ намудаанд, ки онҳо 15 – 20 нафар якҷоя кору фаъолият менамоянд. Чунин шакли ташкили идоравии менеҷмент самаранокии иқтисодию сиёсии бештар медиҳад.

Пас, пинҳон шудани роҳбар дар дафтари кории алоҳида, ин як шакли худро канда кардан аз ҳокимият буда, хатари вазнин барои ҳокимиятатон ва мавқеи роҳбариатон дорад. Ҳатто, лашкаркашони бузург чунин ақида доранд,

пешина
аз 566
навбатӣ