Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
роҳбариро пайдо карда метавонад, чунки барои инсоният аз ҳама даҳшаттовар номуайяниву бехабарӣ аст. Мисол, ҳамаи мо аз заминҷунбӣ сахт метарсем, чунки намедонем, ки қуввааш чӣ қадар аст ва оқибаташ чӣ мешавад. Ва баъди гузашти лаҳзае то муддате боз дар тарсему хаёл дорем, ки мабодо боз маротибаи дуюм такрор нашавад. Дар роҳбарӣ низ бояд вақти тағйироту дигаргуниҳо фосилае бошад, ки ҳолати пешина аз дили мардум ҳанӯз набаромада бошад. Ё, мисоли дигар, вақте ки мо ба шикор мебароем, ҳаракати ирсии ҳайвонотро омӯхта, онҳоро тез ба дом меафтонем, гарчанде ки онҳо чолоканду тезрафтоору баландпарвоз.
Ин нуқта низ ҷолиби зикр аст, ки аксар маврид мо танбалиро пеша карда, як муддате дар ҳаракату тағйирёбию ихтироотему баъди ба ягон зинаи муваффақияти роҳбарӣ расидан ҳамаро фаромӯш карда, бо ақидаи баъзеҳо ба «истироҳат» мегузарем ва ҳамон кору хизматҳои пешинаро доимо, гаштаю баргашта ба кормандону атрофиён такрор менамоем, ки ин, албатта, ба онҳо писанд нест ва устувории роҳбариро заиф мегардонад. Қувваҳои дигаре низ ҳастанд, ки ҷои ин норасоиро ҳис карда, ақидаҳои навро ба майдон меоранд, ки ин, албатта боз ба роҳбариятон таъсири манфии худро мерасонад. Дар ҳолати пай бурдани чунин пешниҳодҳо ва эҷодкориҳои дигарон, ки метавонад ҳокимиятатонро дар хатар гузорад, бояд ҳар чӣ зудтар ақидаи аз он ҳам қавитареро пайдо карда, амалӣ гардонед, ки майдони таъсиррасониаш нисбати рақиб паҳновару бузургтар бошад. Он гоҳ метавонед, ки боз ҳокимияти мавқеи роҳбариро пурзӯр гардонида, дар сафи пеш бошед.
Рақибро доимо дар ҳолати муҳофизатӣ нигоҳ доред, ҳаргиз имкон надиҳед, ки ба ҳуҷум гузарад ва доимо дар тарси он бошад, ки чизи нави боқуввати созанда аз ҷониби Шумо пайдо мегардад. Дар хиради мардуми тоҷик гуфта мешавад, ки «Аз шамоле битарсед, ки аз куҷо вазиданаш маълум нест».
Бинобар ин, роҳбаре, ки доимо дар талоши ақидаи наву тоза буда, ихтироъкорию эҷодкориро пеша дорад, пуркувваттарин роҳбар буда, мавқеи устувори роҳбариро доимо нигоҳ медорад, мардум ҳамеша ӯро қадр мекунанд ва ҳамчун тимсол ё қаҳрамони зиндагии худ интихоб намуда, дар борааш боз афсонаю образҳои гуногун меофаранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо