Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
хаста мегардад ва дигар хоҳиши дидани ӯро надорад. Ва бо гузашти айём мо мебинем, ки миёни онҳо ва дигар кормандони оддӣ тафовуте намемонад ва мавқеи роҳбарии онҳо хеле паст гардида, оқибат ҳокимиятро аз даст медиҳанд.
Ба ин хотир, бо истифодаи вақте, ки дар назди мардум ва кормандон мегузаронед, амали мақсаднокеро иҷро намуда, мавқеи роҳбариатонро мустаҳкам намоед. Дар хотир дошта бошед, ки одамони бузург бар миёни омма кам гаштани худро чунон истифода мекунанд, ки одамон набудани онҳоро ҳис карда, ба қадрашон хубтар бирасанд. Дар ҳақиқат, вақте ки Шумо доимо дар байни мардум ҳастед, дӯстони зиёде пайдо карда, вохӯриҳои зиёди расмию ғайрирасмӣ мегузаронед, қисме аз кормандон ва рафиқонатон хислату рафторатонро омӯхта, ҷойҳои зайифатонро пайдо намуда, ба манфиати хеш истифода мекунанд, ки он метавонад ба ҳокимиятдорию роҳбариатон зарар расонад.
Бинобар ин, қонунияти дигари хиради менеҷментро ҳар замон бояд дар ёд дошт ва иҷро намуд. Доимо дар фикри ғайриоддӣ будан андеша карда, ҳеҷ гоҳ замири худро пурра барои ҳеҷ кас накушоед. Барои кормандони хеш бояд як олами афсонавӣ бошед ва онҳо пешакӣ набояд аз мақсади шумо пай баранд.
Фикру ақидаҳои хешро то амалӣ гаштанашон махфӣ нигоҳ доред, то дигарон пештар онро истифода накунанд ва лаззат набаранд. Ин қонуниятро дар майдони муҳорибаҳои яка ба якаи варзишӣ барбало ҳис намудан мумкин аст ва қонуни асосии ин шакли варзиш он аст, ки пеш аз ба ягон усули мубориза даст задан, аввал рақибатонро аз ҳолати мувозинатӣ баровардан лозим аст, пас маълум мегардад, ки ӯ кадом тарафи зайфӣ дорад.
Дар роҳбарӣ низ вақте, ки аз ҳолати мувозинатӣ мебароед, он гоҳ ҳама сирру асроратон айён гардида, аз пой афтонданатон осон мегардад. Барои ба чунин ҳолат дучор нагаштан зарур аст, ки барои рақибон доимо ноаёниро нигоҳ дошта, дар ҳар як вохӯрӣ як усули тозаеро истифода баред ва усули дуюми иловагӣ ё худ захиравӣ дар худ нигоҳ доред.
Бинобар ақидаи бузургон зиндагӣ ин тахтай шоҳмот аст, ки дар он ҳамаи
мӯҳраҳо (фигураҳо) бо як тартиби муайян гузошта шудаанд ва фаъолияти
муайяни худро доранд, вале барои ғалаба ба даст даровардан қадамҳои
ғайричашмдошти номаълум гузоштан шарти зарурӣ мебошад. Дар ҳақиқат агар
роҳбаре, ки аз ин қонуният истифода бурда тавонад, мавқеи мустаҳками

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо