Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мехоҳад Шуморо гӯш кунанд ва дар бораатон шунавад. Кору фаъолиятатон ва рафторатон барои аксарият тимсол ва асоси пайравӣ мегардад, вале баъд аз чанд муддате, ҳамин рафтор ҷараёни баръакс касб мекунад. Ҳар қадар талош накунед, хоҳиши одамон нисбат ба ҳокимиятдориятон паст мегардад ва дар ин ҳолат хуб мебуд, ки агар як замоне дар канор бошед, то мардум набуданатонро ҳис кунанд. Ин қонуниятро бештар метавон дар мавриди дӯст доштан мушоҳида намуд ва вақте каме аз назарҳо дур мешавад, набуданатон эҳсос мешавад ва ба дидоратон пазмон шуда, Шуморо бештар дӯст медоранд. Дар ҳақиқат хислати одамӣ ин аст, ки агар каме худро ҳамчун одами оддӣ ва хоксор нишон диҳед, вудуми мардум шуморо фурӯ бурда, буданатонро ҳатто ҳис намекунанд. Барои ба чунин ҳолат наафтодан ва мавқеи роҳбариятонро устувор намудан, тарзе кору фаъолият намоед, ки доимо кормандон омаданатонро интизор ва аз набуданатон дар ҳарос бошанд. Дар замони худ лашкаркаши бузург Наполеон ин қонунро ба инобат гирифта, гуфта буд: «Агар ман аз ҳад зиёд ба театр равам, мардум маро дигар ҳис намекунанд». Дар ҳақиқат, дар замони имрӯза, ки васоити ахбор ба зинаи баланди инкишоф расидааст, агар аз оинаи телевизион ва ё саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо дур шавед, зуд ба чашми мардум мерасад. Ё дар иқтисодиёт, пайдоиши мол ва нобудшавии он як ҷараёни хоси талаботи инсонӣ буда, аввал дар болоравӣ буда, ба нуқтаи баланд мерасад ва боз ба поёнравӣ шурӯъ мекунад. Оиди каҷхати ҳаётии мол ва омилҳои ба он таъсиррасонанда мо дар қисми 3-юми китоб пурра гуфта гузаштаем. Гуфтори халқии мардуми тоҷик аст, ки мегӯянд: «Офтобро ҳамон вақт ба қадраш мерасем, ки наметобад», аммо дар мавриди нурафшонии офтоб ва гармидиҳии он мо ба қадри офтоб намерасем ва ҳатто аз гармии ӯ мегурезем. Аз ин ҷост, ки барои мавқеи роҳбариятонро мустаҳкам намудан кӯшиш намоед, ки набуданатонро доимо кормандон ҳис карда истанд ва ҳузуратон боиси хушҳолии онҳо гардад. Барои ин бояд пайдоиши Шумо дар байни кормандон доимо боиси пайдоиши ақидаи нав, фикри нав ва моли нав гардад. Бояд гуфт, ки мардум ба ақида ва андешаи наву тоза доимо мӯҳтоҷанд ва хоҳиши хеле баланди ба даст овардани онро доранд.
Аз тарафи дигар, мардум аз роҳбаре, ки монанди меҳмон ҳар рӯз омада, дар минбари баланд нишаста ва коре ба анҷом нарасонида баромада меравад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо