Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар оянда низ мардони ҳалиму инсондӯсту хирадмандро ба дунё меоранд, чунки ягона усули инкишофи башарии тоҷикон ин ақлу хирад буда, мо имкон пайдо мекунем, ки дастаҳои беҳтарини кормандонро аз рӯи нишондиҳандаи асосии миллӣ - дониш, ташкил намуда, хушбахтона ва дӯстона роҳбариро дар ташкилотҳои хусусӣ ва ҳукуматӣ сарбаландона иҷро хоҳем намуд.

Инчунин, боварӣ дорем, ки барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуби рафтори роҳбарӣ, сохторҳои қудратии ҳукуматӣ чораҳои зарурӣ дида, як муҳити созандаи давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро барои мардуми тоҷик барпо карда, ба ҳар як фарди донишманди тоҷик шароити хуби соҳибкорӣ ва амалӣ кардани қобилиятҳоро пайдо месозанд.

45.5. Устувории мавқеи роҳбар ва эътибори роҳбарӣ

Устувории мавқеи роҳбар яке аз қонуниятҳои хоси ташаккули роҳбарӣ буда, бурду бохти амалигардии қарор ва умуман, ҷоннокии қарори роҳбарӣ дар навбати аввал ба мавқеи устувори роҳбар сахт вобаста мебошад. Барои аниқ кардани мақоми хеш дар фаъолияти корхона ва суръати иҷроиши кору хизматҳо дар хиради менеҷмент усулҳои гуногун мавҷуд мебошанд.

Усули аввал, худро каме дар канор гирифта, яъне ба таътил ва ё ба рухсатӣ баромада, таҳлили фаъолияти роҳбарӣ ва умуман ҳолати рӯҳии кормандонро назорат намоед, чунки вақте Шумо солҳои дароз аз ташкилот дур нарафта, доимо дар талоши кору фаъолият буда, аксари корҳоро худатон иҷро мекунед ва чунон усто гаштаед, ҳатто кормандон ҳис намекунанд, ки Шумо бо кадом ҳунари воло аз иҷрои ин усули роҳбарӣ мебароеду донишу қобилияти баланди сарвариро доро мебошед. Маҳз, дар ҳамин ҳолат, дар вақти набуданатон дарҳол маълум мегардад, ки мавқеатон чӣ тавр устувор буда, барои пешрафти кори ташкилот кӯмаки калон мерасонад.

Дар хиради менеҷмент оварда шудааст, ки дар ҳокимиятдорӣ ҳама чиз ба мавҷуд будан ва набудан вобаста аст.

Дурахшон будан дар ҳокимиятдорӣ, диққати мардумро ба худ тез ҷалб карда, дигаронро ба ҷои дуввуму севум қарор медиҳад ва то як замоне ҳама

пешина
аз 566
навбатӣ