Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷалб намуда, мавқеатонро ба дасти худашон гирифта, ба пешниҳоди шартуу шароитҳои худ шурӯъ мекунанд. Шумо, ки акнун аз онҳо вобаста ҳастед, хоҳ нохоҳ рози шуда, ба гуфтаю хоҳиши ин бадхоҳон амал карда, на фақат роҳбарӣ, балки худрою ташкилотро аз даст дода, нобуд месозед. Аксар маврид ин гуна одамон тавассути бозиҳои дутарафа аз сирру асроратон огоҳ гашта, нақшаю кору фаъолиятатон ва сирри тиҷорататонро ба корхонаи рақибатон фурӯхта, метавонанд соҳиби молу мулк шаванд, вале ҳеҷ гоҳ ба мақсади асосӣ, ки мехоҳанд ҳукмронӣ ба даст оранд намемерасанд ва бо Шумо низ якҷоя кору фаъолият карда наметавонанд, чуноне, ки дар масали «Уқоб ва Лошахӯр» омадааст.

«Ривоят мекунанд, ки Уқоби баланпарвозе солҳои зиёд дар баландтарин қуллаи кӯҳ лона дошт. Сол аз сол қувваташ кам шудан мегирифту ба баланди парвоз карданаш мушкил мешуд. Рӯзе ба Уқоби модина муроҷиат карда гуфт, ки ман солҳои дароз соябони сари ту будам ва доимо ба меҳру муҳаббати ту дар ин фазои озодаву тоза зиндагонӣ доштаму сайди ҳалол дошта, умри хуш гузаронидем. Вақте сад афсӯс, ки имрӯз дигар қуввати парвози баланд надораму сайди тоза низ карда наметавонам. Маро бубахш гуфту худро аз ҳамон баландӣ ба поён ба сари санге партофта ҷон дод.

Лошахӯр, ки як умр аз поён устухонҳо ва майдаи гӯштҳои сайди Уқобро мехӯрд ин ҳодисаро дида, болидахотир шуду аз санг ба санге, афтидаю хеста, лангидаю ҷаҳида, баъди чанде худро дар назди лонаи Уқоби модина гирифта, арви дил кард, ки ман ин рӯзро тамоми умр интизор будам, ки боре бар висоли ту бирасам. Уқоби модина як ба Лошахӯр назари уқобона карду гуфт: «Эй лошахӯр, ман тамоми умр бо Уқоб зиндагонӣ дошта, фақат сайди ҳалол мехӯрдам. Ту бошӣ тамоми умр гӯшти ҳаром хӯрда, хӯрокат пасмондаи дигаронанд. Фаромӯш накун ва ба дигар лошахӯронат бирасон, ки Уқоб дар ягон давру замон бо Лошахӯр аз як дастархон нон нахӯрдааст ва намехӯрад». Инро гуфту Уқоби модина низ аз ҳамон баландӣ худро ба болои Уқоби нарина партофта ҷон дод.

Мақсад аз овардани ин масали тоҷикӣ он аст, ки ягон бехирад, лошахӯру лаганбардор ва фиребгару қаҳрафтор, дар ягон зинаи роҳбарӣ, ҳеҷ гоҳ, ҷой ва мавқеъ пайдо намекунад ва ҷои роҳбари оқилу доноро гирифта наметавонад.

пешина
аз 566
навбатӣ