Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
кардан лозим». Душмани дар қаторбуда, монандӣ мори нимҷон аст, ки ҳар замон имкони гажидан дорад.
Нуқтаи асосӣ ва зарурии хиради менеҷментро ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки онро одамшиносӣ меноманд. Чуноне, ки дар мавзӯъҳои гузашта таъкид карда будем, дар дунё ҳеҷ гоҳ 2 шахси хислати якхела дида намешавад ва ҳар як инсон ба сухану фикру ақида ва қарори роҳбариатон муносибату фаҳмиши гуногун зоҳир менамояд. Бинобар ин, дар вақти интихоби кормандон ва қабули қарору ҳаракатҳо зарур аст, ки мо хеле ва хеле боандеша бошем, чунки дар кадом мартабаю вазифае набошем, пеш аз ҳама инсон ҳастем ва бояд қадри инсонро, ки беҳтарин мӯъҷизаи Худованд дар Замин аст бидонем ва бо мақсадҳои некамон бирасем.
Албатта, дар фаъолияти роҳбарӣ одамони дорои хулқу атвори гуногунро дучор мегардед. Вазифаи муҳими сарварӣ он аст, ки онҳоро аз якдигар аниқ фарқ карда тавонад ва вобаста ба хулқу атвори онҳо роҳбарӣ намояд. Агар мо кӯркӯрона, ба ҳар корманди аз сари роҳ баромада ба ҳуҷум гузарем, аз беҳирадии худ баъди гузаштани муддате афсӯс мехӯрем, аммо аллакай дер мешавад ва дигар суд надорад. Аз рӯи хислати фикрронӣ ва муносибат ба сарвар, ин кормандонро рӯҳшиносон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:
-
Зуд хашмгиншаванда ва беномус.
-
Табиатан нобовар.
-
Доимо гумонбар.
-
Кинагирони нопок.
-
Дилкушоду содда.
-
Бахилу кӯрбин.
-
Некхоҳону хирадмандон.
Мо дар давоми мавзӯъҳои пешин шояд аксар хислатҳои ин гуна шахсонро
пурра таҳлил карда бошем. Як нуқтаи дигарро боз таъкид карданием, ҳеҷ гоҳ
чунин гумон накунед, ки шахсони ҳамроҳатон кору фаъолият дошта заифанд ва
ё қобилияти роҳбарӣ надоранд, чунки вақте имкони ҳукмронӣ пайдо мешавад,
мушоҳида мекунед, ки чӣ тавр вай қобилу соҳибҳунар буда, то ин вақт инро аз
Шумо пинҳон медоштаанд. Ё гурӯҳи дигари одамон ҳастанд, ки то замони ба
шахсияти онҳо расидан хомӯшу ботамкинанд, вале вақте ногоҳ ба иззати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо