Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
нафсашон расид, мебинед, ки яку якбора монанди сӯзишворӣ аланга мегирад ва ҳатто ба чашматон бовар намекунед, ки ин ҳамон одами пешин аст. Доир ба ин масоил мардуми тоҷик гуфторе доранд, ки «дӯсту душманро дар вақти мушкилию тангдастӣ мешиносанд». Дар ҳақиқат, банда низ аз чунин имтиҳони одамшиносӣ гузашта, бо нафаре 15 сол шинос будаму дар назарам ҳамчун одами хомӯшу некрафтор менамуд. Аммо вақте дар ҳолати мушкилии ман ва каме ҳокимият пайдо карданаш, умуман, аз он одам на нишон буду на шакл. Ба як мори заҳрлюке мубаддал гашт, ки ба тамоми одамони аз роҳаш мебаромада ҳатман ҳамла мекард. Ҳатто, маро намешинохт, ҳол он ки ба ӯ дар ин муддат кӯмакҳои зиёд карда будам.
Албатта, мо дар он андеша ҳастем, ки ин гуна одамони бадзод умри дарози бадхоҳӣ надоранд, чунки ба ҳар як рафтори бад, боз ҷазои бад низ мавҷуд аст. Мо ҳаволаи онҳоро ба Худованди бузург супорида, барои Шумо, хонандаи азиз, боз ду таъкиди эҳтиёткории роҳбарӣ менамоем:
-
Дар вақти муҳокима ва қабули қарори идорӣ нисбат ба рақиб ва ё шахсони гумонбар ҳеҷ гоҳ ба ҳиссиёт ва эҳсосоти худ бовар накунед, чунки ин ахбори ҳолати ногувор ва яктарафа буда, аз ахбори аниқи воқеии хислати он шахсон фарқи калон дорад. Бинобар ин, босаброна ин шахсонро чандин маротиба, аз паҳлӯ ва сарчашмаҳои гуногуни ахбор омӯхта, баъдан хулосаи зарурӣ бароред.
-
Ҳеҷ гоҳ ба дида ва намуди зоҳирӣ бовар накунед, чунки баъзе одамон дар қафаси сина дили пуркина дошта, найрангбозӣ карда, дар ҷои зарурӣ он заҳрро берун мебарорад. Инчунин, вақте одамон дар бораи худ таърифҳои зиёд мекунанд, ҳеҷ гоҳ бовар накунед.
Хонандаи азиз, албатта, дар ин мавзӯъ фикрҳои мухталиф бисёранд, аммо дар тамоми ҳолатҳои дар қисмҳои аввали китоб овардашуда мо дар бораи душманӣ ва умуман бадхоҳӣ хеле кам сухан гуфтаем, чунки дар ҳақиқат ин усул барои менеҷменти замони муосир ва умуман мардуми тоҷик хос намебошад ва мо низ умеди онро дорем, ки ягон хонандаи мо душман пайдо накануду худ низ ба душмании касе напардозад.
Мардуми тоҷик ба зинаи олии инкишофи башарӣ - «Худшиносӣ» расида, аз он хислатҳои номатлуби ҷомеаи бадхоҳон пурра даст кашида, модари тоҷик

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо