Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
зада мегӯяд, ки оиди фаъолияти ӯ аз дӯсташ ахборе ба даст овардаанд, ки дар ҳақиқат ӯ ҷосус аст ва факту рақамҳо аниқанд. Ҳар қадар метарсонанду шиканҷа медиҳанд, ӯ ҷавоб медиҳад, ки «дӯсти ман ҳеҷ гоҳ ин суханро намегӯяд ва ман ба вай эътимоди комил дорам». Луқмонро даъват мекунанд ва чунин тӯҳматро ба сараш бор мекунанд. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, «Агар ҳамин суханро дар ҳақиқат рафиқи ман гуфта бошад, ӯ рост мегӯяд».
Албатта, ҳар яки мо ба фаъолияти роҳбарӣ қадам гузошта, боз ба худ душманонро низ тавлид месозем. Бинобар ин, хиради аввали роҳбарӣ ин аст, ки доимо ҳаракат намоем, то душман надошта бошем, вале афсӯс, ки худи ҷараёни зиндагӣ онро пайдо месозад ва дар навбати аввал бо усули кордонию ҳунар бояд ӯро мағлуб намуда, аз майдон берун созем. Дуввум, агар зарурати муборизаи тан ба тан дар майдони роҳбарӣ пеш ояд ва душман аниқ ва хоҳиши нобудсозии Шумо ва ташкилотатонро дошта бошад, хуб мебуд, ки то охир муборизаро анҷом дода, ӯро аз коллектив дур созед. Нагузоред, ки ӯ бо тани захмин дар канори шумо боз паноҳ бурда, ба худ камингоҳи мустаҳкам сохта, дар ҳолати барояш қуллай ба ҳуҷум гузарад. Дар хотир дошта бошед, ки ягон вақт душманро беқувват ҳисоб накунед, чунки ҳар замон метавонад, ки монанди шӯълаи доначаӯби ғӯтирд ба хирмани коҳ афтада, ҳамаро сӯзонда хокистар кунад. Ин доначаӯбро то ба хирмани коҳ расидан безарар кардан лозим аст, вагарна дер мешавад, яъне барои ба мақсад расидан дилсӯзӣ набояд кард ва барои ғалаба кардан каме бераҳм мебояд буд. Душманонро то охир мебояд нобуд сохт, вагарна онҳо Шуморо нобуд месозанд ва ягона омиле ки Шуморо ором ва бехатар нигоҳ медорад, ин набудани душманҳо дар коллективатон мебошад. Дар натиҷа ҳокимият пурра ба дастатон гузашта, фаъолияти сарвариро самаранок идома медиҳад.
Дар ҳолате, ки аз душманон ҷудо шуда наметавонед, ягона усул дар ҳама ҳолатҳо ҳушёру зирак будан аст. Пас, мо бояд доимо боандеша ва хирадмандона рафтор намоем, то қурбони тири душман нагардем, чунки очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки қариб тамоми мардони бузурги таърихӣ аз дасти душманони ноҷавонмарди худ кушта шудаанд. Аз ин ҷо маълум аст, ки худи роҳбарию зиндагӣ бе зиддият буда наметавонад ва ба ин хотир гуфтори хирадмандони тоҷик аст, ки мегӯянд: «Одамонро ё навозиш ва ё аз роҳ дур

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо