Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кард. Ин усул имкон медиҳад, ки оиди рафтори ҳар як корманд ахбори заруриро ҷамъоварӣ намуда, аз мақсаду кору нияти ӯ бохабар гардед. Агар роҳбар ин усулро истифода карда тавонад, доимо ба ин имкон дорад. Аз тарафи дигар муваффақиятро ҳамон вақт соҳиб мегардед, ки оид ба атрофиён ахбори зиёду дақиқ дошта бошед. Мавҷудияти ахбори дақиқу аниқ имкони ба нишонрасиро, ки мақсади асосии роҳбарӣ ин имкони сарварии ҳолатҳои оянда мебошад, садҳо маротиба зиёд менамояд. Бинобар ин, барои нишонагирии дуруст ва бо роҳи дуруст рафта аз мушкилиҳо баромадан, мо бояд пешакӣ бо тарзи махфӣ аз сирру асрори дохили корхона ва берун аз он бохабар бошем.
Барои ин баъзе роҳбарон одамони дигарро истифода мекунанд, ки оқибат худ аз ӯҳдаи назорати ҷосусони худ баромада натавониста, ҳокимиятро аз даст медиҳанд, чунки онҳо метавонанд ин ахборро ба муқобили Шумо истифода карда, дар ҳолати қуллай хоинӣ намоянд. Барои муайян кардани чунин одамони хоин ба ахбори онҳо бо завқи баланд таваҷҷӯҳ намоед ва эҳсосоти дилсӯзиро истифода карда, онҳоро бовар кунонед, ки ахборашон бароитон хеле зарур аст.
Дар натиҷа онҳо кушоду равшан бо шумо сӯҳбат карда, худро фош менамоянд.
Ё ҳолати дигар, вақте пай мебаред, ки ин шахс маълумоти пурра надода истодааст, чунин вонамуд созед, ки ба вай бовар надоред. Дар натиҷа ӯ барои пурра бовар кунонидани Шумо маҷбур аст, ки ҳамаи ахборро пешкаш намояд.
Баъзе одамони бузург қобилияти рӯҳии таъсиррасонӣ дошта, метавонанд дар вақти сӯҳбат тамоми сирратонро фаҳмида гиранд, ки худатон бехабар мемонед.
Инчунин, бояд хотиррасон намоем, ки аз шабнишинӣҳо бо майу хонумҳо эҳтиёткор бошед, чунки дар ҳолати каме сархуш шудан шояд сирри калонеро фош намоед, ки бароитон тақдиршикан бошад. Агар дар ҳақиқат ба худ эътимоди комил дошта бошеду ин шабнишинӣҳоро ба мақсади кор истифода намоед, он гоҳ ахбори заруриро моҳирона гирифта метавонед. Дар вақти сӯҳбат Шумо гӯё кушоду равшан сухан гуфта истодаед ва бо ин ҳамсӯҳбатро бовар кунонед, дар ин ҳолат низ метавонед ахбори зиёди заруриро ба даст оред.
Ва ниҳоят усули дигари ахбори дурусту заруриро гирифтан, истифодаи усулҳои махсуси кордонӣ мебошад. Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳаким бо шахсе дӯстии қавӣ дошт, ки овозааш то ба Шоҳ мерасад. Барои санҷиши дӯстии ҳақиқӣ будани онҳо шоҳ чунин усулро истифода менамояд. Дӯсти Луқмонро ҷеғ

пешина
аз 566
навбатӣ