Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Омили дигари номатлуби роҳбарӣ ин мавҷуд будани хушомадгӯён дар атрофи роҳбар мебошад. Яке аз усули ба дили роҳбар ҷой гирифтан ба ӯ тақдим намудани туҳфаҳо буда, шахсони хоҳиши ғализдошта ин роҳро хеле самаранок истифода бурда, дар охир ба мақсади ниҳоии худ ноил мегарданд. Туҳфаи беҳтарин барои мардони бузург ин фарзанд аст. Дигар туҳфаҳо ҳама мақсадҳои ниҳоии худро доранд. Вақте Шумо ҳамчун роҳбар туҳфа мегиред, маҷбур ҳастед, ки ҷавоби ин туҳфаро диҳед. Баъдан, вақте ки ба он одат мекунед, ин усулро дар фаъолияти роҳбариатон истифода карда, аз қоидаҳои олии хиради роҳбарӣ дур мемонед ва ба шахси порахӯр табдил меёбед.
Чунин одамон аслан танбал буда, худашон кам меҳнат карда, доимо дар фаъолияти дигарон камбудӣ меҷӯянд. Агар доир ба масоили фаъолияти худашон пурсон шавед, зуд фикрро ба дигар тараф бурда, аз асли масъала дур мераванд. Барои камбудиашонро пинҳон кардан онҳо хушомадгӯй карда, пора низ медиҳанд. Бояд гуфт, ки аз азал қонуни нонавиштаи ҳукмронӣ мавҷуд аст, ки бояд қавӣ идора карда, заиф ҷоро холӣ кунад. Бо истифода аз чунин қонуният одамон доимо кӯшиш мекарданд, бо тарзи зӯрии ҷисмонӣ ҳокимият ба даст биёранд. Дар асри XXI ин амал мазмуни дигарро гирифтааст, яъне имрӯз аллакай зӯрии ҷисмонӣ не, балки зиракию ақлу хирад ва кордонӣ мақоми асосӣ дошта, ҳамон роҳбаре метавонад ҳукмронӣ намояд, ки ахбори навину тоза ва заруриро саривақту дуруст истифода мекунад. Роҳбаре, ки аз навовариҳо бехабар буда саводи кофӣ надорад, доимо кӯшиши онро мекунад, ки худро ба роҳбари болоии доно наздик сохта, бо истифода аз хиради ӯ роҳбарӣ намояд. Аксари ин одамон дар роҳбарӣ комёбие ба даст оварда натавониста, дигаронро низ ба доми чизпарастию мансабталошии худ гирифтор месозанд. Онҳо дар назди худ ягон маротиба ҳисобот намедиҳанд, ки чаро чунин хислати танбалӣ дошта, барои донишомузӣ накӯшида, фақат аз ҳисоби дигарон хӯрданро одат кардаанд. Роҳи асосии халосӣ ёфтан аз ин гуна одамон бовар кунонидани онҳо мебошад, ки ягона роҳи халосӣ аз ҳолати ногувори хушомадгӯй ин худифодагарӣ буда, аз худоғоҳии ҳар яке вобастагии калон дорад.
Бинобар ин, вақте дар фаъолияти роҳбарӣ қарор доред, бояд пура донед, ки кормандатон кист, рақибатон ва дӯстотонатон чӣ касонанд. Барои ин дар қонунияти хиради менеҷмент усули махфии ҷамъоварии ахборро бояд истифода

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо