Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

онҳо ҳамҷоя бошему аз лаҳзаҳои хуби ҳаёт истифода карда, қоидаҳои созандагии роҳбариро сарбаландона амалӣ гардонем. Дар ниҳоди одамӣ тамоми хислатҳои хубӣ ва ё зебоиро дидан хеле мушкил аст. Ба ин хотир, дар фаъолияти роҳбарӣ мардони бузург барои пурра кардани рафтори хеш вазири донишманд ва худ мушовири зебою доноро ҳамроҳ мегирифтанд, то аз онҳо биомӯзанд. Бояд гуфт, ки дар замони худ Наполеон бо ҳама бузургиаш, тарзи муомила ва сӯҳбату дар сари миз нишастанро аз вазири корҳои хориҷиаш Талейран омӯхтааст. Дар аксар вохӯриҳо ӯро ҳамроҳ бурда, ба рафтору гуфтори ӯ диққат дода, ҳаловат мебурдааст ва кӯшиш мекардааст, ки аз ӯ омӯзад.
Мисоли дигар, вақте табиатан каме заифирода бошед, бо мардуми сахӣ ва шуҷоъ ҳамкорӣ намоед ва таъсири онҳо, албатта, ба Шумо мерасад. Ё ин ки чеҳраи гирифта дошта бошед, ҳаракат намоед, бо чеҳракушодон ҳамкор бошед ва худатон чӣ хел болидахотир шуданатонро пай намебаред. Агар мушоҳида карда бошед, баъди чанд соли оилавӣ зану шавҳар якдигарро дӯст доранду меҳрубон бошанд, бо намуди зоҳирӣ ва ботинӣ низ ба якдигар монанд мешаванд ва фарзандон низ ба онҳо пайравӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки доруи нобуд сохтани ҳасадхӯрону бадхоҳон дар роҳбарӣ, аввалин ин ҳақиқатпарастӣ мебошад. Бо ин роҳ метавонед диққати одамонро ба худ ҷалб намуда, дурӯғгӯй ва хушомадгӯёнро аз наздатон дур созед. Маҳз дар асоси қонунияти ҳақиқатпарастии хиради менеҷмент метавонед одамони бузургро ба худ ҷалб карда, кору фаъолияти хуби роҳбарӣ дошта бошед. Ин рафтор усули самараноки одамони фиребгарро аз роҳ баргардондан мебошад. Бо ин роҳ Шумо аз додаатон дида самараи бисёртар мегиред. Бинобар ин, агар хоҳиши аз дигарон некӣ дидан дошта бошед, талош намоед, ки аввал худатон ба мардум некӣ кунед ва баъдан албатта некӣ мебинед ва чунин қоидаро ба фаъолияти ҳаррӯзаи худ мубаддал гардонеду ба он одат кунед. Вақте ки ба он одат мекунеду кормандон ба ҳақиқатпарастиатон бовар мекунанд, ин бовариро дигар кардан хеле мушкил буда, барои роҳбарии оқилона муҳити хуби корӣ пайдо месозад. Аз тарафи дигар, ҳақиқатпарастӣ боз нобовариро низ аз байн мебарад. Маҳз он шахсоне, ки бо Шумо бори аввал сарукор доранд, шояд дар аввал нобоварӣ дошта бошанд, вале ҳақиқатпарастиатонро дида, эътимод пайдо мекунанд.

пешина
аз 566
навбатӣ