Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Банда зиёда аз 20 сол мушоҳидаи ҳолати рӯҳӣ ва иҷтимоии чунин шахсонро карда, ба хулосае омадам, ки вақтамро беҳуда барои тарбия ва некии ин гуна одамон гузаронида будаам ва ба хонандаи азиз муроҷиат карда гуфтанӣ ҳастам, ки агар ҳамроҳи Шумо ва дар ҳайати кормандони менеҷменти корхонаатон чунин одамон бошанд, хубаш зудтар аз онҳо раҳоӣ ёбед ва ё ташкилотро худатон тарк кунед, агар илоҷи ӯро пеш кардан набошад.
Албатта, дар ҳаёт ҳолатҳои дигар низ мушоҳида мешаванд, ки тақдир ба сари одамон бадбахтиеро меорад ва онҳо ба боварии калон ба Шумо муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат вазифадор ҳастед, ки ба онҳо ҳамчун роҳбар, ҳамчун рафиқ ва дӯсту авлоди хешу табор кӯмаки моддӣ расонида дилбардорӣ намоед.
Ва хуб мебуд, ки агар дар ин шахсиятҳо хислати хуби роҳбарӣ, яъне боварӣро тарбия карда, хислату рафторашонро тағйир медодед. Агар ислоҳ шаванд, он гоҳ ба онҳо дар ҳақиқат кӯмаки калон мерасонед, вақте ин шахсон дигар нашуданд ва ба худ ғалаба карда натавонистанд, пас кӯшиши Шумо бесамарат аст.
Оид ба хусусияти хоси шахсиятҳо мо дар қисми 3-юми китоби менеҷмент пурра гуфта гузаштаем.
Дар роҳбарӣ хеле зарур аст, ки Шумо бо чӣ тоифа одамон ҳамкору ҳамнишаст мебошед ва ин дар чашми атрофиён чӣ хел менамояд. Аксар маврид ба онҳо якҷоя кору фаъолият карда, шумо иштирокчии фаъоли ҳамон муҳит мегардед ва ба ин бемории вабо гирифтор мешавед. Аз ин хотир оқибати ваборо андеша бояд кард. Роҳи асосии аз бемории вабо халосӣ ёфтан ин карантин аст, агар дер нашуда бошад, чунки маълум аст, ки ин беморӣ ба бадани Шумо, чунон оҳиста ва беовоз ворид мешавад, ки тамоман бедарак мемонед. Бебарорӣ ва бе пою қадами ин беақлӣ ва беҳирадии чунин ашхос мебошад. Одамоне, ки ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд, бадбахттарин одамонанд, чунки ин беморӣ ниҳоят вазнин ва сирояткунанда мебошад. Роҳбари донишманду хирадманд ҳеҷ гоҳ ба ин мардум дарашро намекушояд, вагарна ӯ боз аз қафои худ бадбахтиҳои зиёде меорад. Бояд гуфт, ки қоидаи хиради менеҷментро ба инобат нагирифтан хеле хатарнок аст.
Дар ҷониби муқобил бошад, шахсони тамоман дигар, хушбахттарин
инсонҳо қарор доранд, ки бо ҳастиашон ба Шумо ҳаловат бахшида, бароитон
бахту тахт меоранд. Ин гуна инсонҳо сарчашмаи хушбахтӣ буда, мо бояд бо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо