Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

45.4. Ҳимояи роҳбар аз ашхоси ҳасадхӯру хушомадгӯй ва
камсаводону душманон

Бояд гуфт, ки касби роҳбарӣ низ монандӣ дигар касбҳо қонунияти хоси тозагӣ ва хиради худро дорад, ки миллати тоҷик доимо бар он диққати махсус медоданд.

Яке аз ин қонуниятҳо тоза нигоҳ доштани роҳбарӣ аз шахсони ҳасадхӯру хушомадгӯй мебошад. Шумо ба онҳо дасти ёрӣ дароз карда, мехоҳед ба онҳо кӯмак расонида, онҳоро қаноатманд гардонед, то ғамгин набошанду ҳасад нахӯранд, вале дар асл ин гуна одамон боз шумо ва роҳбариятонро ба доми худ кашида, аз роҳи созандагӣ ба роҳи бадию харобкорӣ кашола мекунанд. Ин тоифаро дар мардуми тоҷик шахсони бехосият, бепою қадам ва ё баднафас мегӯянд. Ҳатто дар деҳаҳо ва ноҳияҳо ин гуна шахсонро аксарият мешиносанд ва ҳаракат мекунанд, ки ҳатто ба онҳо рӯ ба рӯ наоянд. Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки мардони бузург гирифтори ин гуна шахсони бепою қадам гашта, аз боигарӣ ва молу мулк монда, ҳатто қурбон низ гардидаанд. Аксар маврид ин гуна одамон яку якбора аз куҷое дар ҳаёти Шумо пайдо мегарданд, ки ҳатто худатон бедараку дар ҳайрат мемонед. Асосан, занҳо бештар дорои ин гуна хислатҳо буда, бо роҳи дил бохтан ва зоҳир кардани хоҳиши шаҳвонӣ аз мавқеи Шумо истифода карда, метавонанд замоне мансабҳои калонро соҳиб гарданд.

Бинобар ин, дар хиради менеҷмент таъкид карда мешавад, ки аз одамони мансабталошу ҳасадхӯру кинагир ва бесаводон худро дар канор гиред. Ин гуна одамон аслан худро таърифу тавсифи зиёд намуда, аз дигарон фақат меноланд ва доимо норизо буда, машғули ғайбати мардум мебошанд. Нисбат ба Шумо гӯё ғамхору меҳрубон бошанд ва хушомадгӯй карда, дар рӯзҳои аввал тамоми чораҳоро меандешанд, то ба дом биафтад. Баъд аз оне ки Шуморо ба даст меоранд, акнун шарту шароити худашонро пеш гузошта Шуморо низ ба балои азими нохушӣ гирифтор мекунанд, чунки ҳаракату хоҳиши онҳо фақат баҳри вайронкорӣ ва нотинҷии ҳолати роҳбариятон равона шудасту халос.

пешина
аз 566
навбатӣ