Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ё барои тасдиқи фикри худ Луқмон ба куштор даст задааст ва он корманди дарборро куштааст.

Подшоҳ барои халосӣ ёфтан аз ин ҳолат, ба хулосае меояд, ки бояд Луқмонро нобуд созанд. Бо ин ният ӯро ба наздаш хондаӣ шуда ба мудофиаттарон амр медиҳад, ки вақте Луқмон омад, бо ишораи ман ӯро занҷирбанд карда, бурда нобуд созед. Луқмонро даъват карданд, Подшоҳ пеш аз ишора кардан бо саволе ба Луқмон муроҷиат кард. Шумо тасдиқ мекунед, ки вақти аз дунё рафтани одамонро медонед? Пас бигӯед, ки худи Шумо кай мемуред? Луқмони Ҳаким як назари ҷиддӣ карда ӯро пеш оварданд, ки маро маҷбур насозед. Аммо Шоҳ амр намуд, ки гӯяд. Пас Луқмон гуфт: «Маро бубахшед Шоҳам ман се рӯз пеш аз Шумо мемирам!»

Ҳамин тариқ, Подшоҳ аз райи худ гашта, Луқмони Ҳакимро боз солҳои дароз ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард.

Ин ҳикояти Луқмон яке аз усули санъати баланди сарварӣ буда, ҳатто ҳокимияти баланд Подшоҳро маҷбур сохтааст, ки ба ӯ итоат ва хизмат намояд.
Бояд гуфт, ки дар зиндагӣ ва хиради менеҷмент усулҳои зиёди ноил гаштан бо чунин зинаи ҳокимият мавҷуд аст. Истифодаи он аз ҳар як роҳбар қобилияту ҳунару санъати баланди эҷодиро талаб мекунад, ки мо дар қисми 2 ва 3-юми менеҷмент ба Шумо хонандаи азиз гуфта гузаштаем. Як нуқтаи дигарро дар ин ҷода боз таъкид карданием, ки шарт нест, то Шумо ягон эҷодкории таърихии баланд ва ё ягон кашфиёт намоед. Кифоя мебошад, агар кори оддиеро иҷро намоед, ки аз умум фарқ кунад. Шарти асосӣ, ҳолатеро ташкил кардан зарур аст, ки дар он Шумо нақши асосӣ дошта бошед. Ҳолат бояд чунин бошад, ки донишу хиради Шумо дар ҳамон ташкилот рақами аввал буда, бе иштирокатон мақсад иҷронашаванда бошад. Аз тарафи дигар, Шумо бо коллектив кору фаъолият намуда, доимо дар омӯзиш бошед ва ба қобилияти ҳар як шахс баҳо дода, қувваву тавоноии онҳоро фаҳмида, барои иҷрои мақсади созанда равона созед. Ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки ин қувваву донишу хирадрӯ дигар роҳбарон ва рақибонатон истифода баранду оқибат ҳокимияти Шуморо барҳам зананд.

Кормандон ва сарварони болоро ба худ вобаста карда, ҳаракат намоед, ки онҳо Шуморо дӯст доранд ва мувофиқи хоҳишатон кору фаъолият намоянд.
Агар дӯстдориро ноил гардед, ҳокимиятатон поянда ва дарозмуҳлат хоҳад буд.

пешина
аз 566
навбатӣ