Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мерафтаасту баъди 5-6 рӯз қарорашро мебаровардааст. Бинобар ин, дарбориён медонистанд, ки Луқмони Ҳаким дигарбора бо онҳо масъаларо муҳокима намекунад, доимо кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд, ки масъаларо ҳар чӣ пухта ва фаҳмою равшан тайёр карда, баъдан ба назди амир дароянд. Бояд гуфт, ки мақсади чунин усулро интихоб кардани Луқмони Ҳаким дар он буд, ки касе ӯро аз ҳолати аслиаш бароварда натавонад ва дар фикри худ доимо мустаҳкам бошад. Касе намедонист, ки Луқмон аз онҳо чӣ мехоҳад ва дар вақти қабул аксар одамон маҷбур буданд, ки сирри худро фош созанд, ки баъдан Луқмон онҳоро ба муқобили худи онҳо истифода мекард. Аз тарафи дигар, хомӯшии Луқмон ҳама зердастонро ба ларза ва тарс оварда буд, чунки арзиши сухани Луқмонро ғайр аз худаш дигар касе наметавонист, дарк намояд.

Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки барои подшоҳону амирон аз сухани бехирадона гуфтан, чизи дигари вайронкунандаи давлату ҳокимият вуҷуд надорад.

Аз тарафи дигар, ҳокимиятдорӣ ин худ як шакли бозии намуди зоҳирӣ мебошад. Вақте ки Шумо кам сухан мегӯед, ҳамон қадар бузург ва мураккаб менамоед, чунки фаҳмиданатон мушкил мебошад. Камсухании Шумо дигаронро маҷбур месозад, асабонӣ шаванд ва дар натиҷа қобилияти фикррониашон заиф гашта, дар наздатон камқувват мешаванд, чунки хислати одамӣ чунин аст, ки мехоҳад ҳар чӣ зиёд сӯҳбат намуда дар бораатон маълумоти бисёртар дошта бошанд ва тарафҳои гуногуни фикррониатонро фаҳмида гиранд. Агар ҷиддӣ диққат диҳед, метавонед қиёфаи он шахсро мушоҳида намоед, ки мехост аз шумо чизеро фаҳмида гирад, вале натавонист. Агар чунин ҳолат боз давом ёбад, мебинед, ки онҳо боз роҳҳои дигарро низ истифода мебаранд. Яъне сирру асрори худро оҳиста - оҳиста бароятон нақл карда, ҷои заифиатонро ҷустуҷӯ менамоянд. Дар натиҷа, агар қавиродагиатон ғалаба кунад, он гоҳ аз сирру асрори онҳо пурра хабардор шуда, ҳокимияти худро мустаҳкам мекунед, вагарна онҳо нуқтаи заифиатонро муайян карда, аз ҳамон ҷо доимо ба ҳуҷум гузашта, шуморо зери тасарруфи хеш медароранд.

Бояд гуфт, ки камсуханӣ барои ҳар як роҳбар шарти зарурӣ буда, онро
бояд доимо дар худ такрор ба такрор гӯяд ва амалӣ гардонад. Дар тамоми
давраи ҳаёти худ ҳар қадар Шумо кам сухан гӯед, ҳамон қадар барои атрофиён

пешина
аз 566
навбатӣ