Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Агар шумо хоҳед, ки дар хотири шунаванда ва зердастони худ нақши зебо ва ё хуб гузоред, кӯшиш намоед, ки кам сухан гӯед, зеро ки бузургон фармудаанд:

Сухан бисёр дону андаке гӯ,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯ.

Ва дар хотир дошта бошед, ки ҳар қадар бисёр сухан гӯед, ҳамон қадар заъфи худро оид ба он ки наметавонед фикратонро аниқу дуруст ва кӯтоҳ баён намоед, нишон медиҳед. Ҳатто, агар сухани шумо он қадар пурмазмун ҳам набошад, вақте ки кам мегӯед дар шунаванда нақши хуб пайдо шуда, баҳои баланд медиҳад.

Мардони бузурги таърихӣ аз шахсони оддӣ маҳз бо он фарқ мекунанд, ки кам сухан мегӯянд, чунончи дар ҳикояти Булбул ва Уқоб омадааст. «Рӯзе Булбул ба Уқоб назар афканда мегӯяд, ки чаро дар дунё ин қадар беадолатию беинсофӣ мавҷуд аст. Ман, ки як умр ширинсуханаму овози нарми маҳину дилчасп дорам, доимо хонаам дар сари хору хас буда, аз ҷамъияти инсонӣ дур афтодаам. Аммо ту бошӣ бо як овози ғафси нофорамат, ки онро ҳам танҳо баъзан вақт мебарорӣ, дар болои китфи подшоҳонию хӯрокат синаи кабку бедона буда маҳфилорой. Уқоб як нигоҳи уқобона карда мегӯяд, ки сабаб дар он аст, ки ту ширинзабон ҳастам гӯён аз ҳад зиёд мегӯй ва мардум аз сабаби пургӯият овози ширинатро ҳам шунидан намехоҳанд».

Дар ҳақиқат бояд гуфт, ки забон барои одамон ҳам дӯсти асил ва душмани ашадӣ буда, метавонад онҳоро ба қуллаҳои баланди сарварӣ расонад ва баръакс метавонад ба қаъри чоҳ партояд. Бинобар ин, дар хиради менеҷмент таъкид карда мешавад, ки сарваре, ки забони худро нигоҳ дошта метавонад, дуру дароз роҳбарӣ карда, ҳукмронии худро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонад.

Ривоят мекунанд, замоне, ки Луқмони Ҳаким амир буд, барои ҳалли
масоиле дарбориёни зиёде рӯзҳо ва соатҳои дароз баҳсу мунозира карда,
масъалаеро муҳокима мекарданд ва як ё ду нафарро барои расонидани масъала
ба амир омада мекарданд. Боз вақти муносиб меҷӯстанд, ки кадом вақт ва чӣ
тавр онро ба Луқмон расонанд ва кӯшиш карда, вақту соати муносиб пайдо
намуда, назди амир медаромаданду арз мекарданд. Амир онҳоро то охир гӯш
карда, дар ҷавоб танҳо як сухан мегуфтааст: «Ман фикр мекунам» ва баромада

пешина
аз 566
навбатӣ