Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муқобил гузаштааст. Ин як имтиҳони хурдакак барои пешрафти фаъолият саҳми калон дорад, ки сарвари доно аллакай захираю имконоти худро муайян сохта, аз ин ҳодиса хулосаи зарурии роҳбарии хешро бароварда, муносибат ва боварии хешро ба зердастон ва дӯстону рафиқон тағйир медиҳад. Агар чунин роҳро истифода накунед, шумо ҳеҷ гоҳ муайян карда наметавонед, ки кӣ дӯсту кӣ душманатанон мебошад, чунки ҳамаи зердастон ва дӯстонро одамони худӣ шуморида ба рафторҳои онҳо он қадар диққат намедиҳед ва танҳо вақте, ки ба майдон мебароед, маълум мегарданд, ки онҳо кистанд. Дар хотир дошта бошед, ки барои чунин комёбиҳо ноил гаштан сабру тоқат ва худмаҷбурсозии зиёде лозим аст.

Зинаи дигари ноил гаштан ба муваффақиятҳо махфӣ нигоҳ доштани сирри роҳбарӣ баъди анҷоми корҳо ва расидан ба мақсадҳо мебошад. Ҳеҷ гоҳ баъди анҷомёбии амале сирри роҳбариро ба касе набояд гуфт, чунки ин усул то охири умр ба Шумо лозим мебошад. Дар фаъолияти ояндаатон агар рақиб бохабар гардад, он гоҳ имкони ноил гаштан ба муваффақият хеле кам мегардад, яъне аз муваффақиятҳо сархуш нашуда, сирро доимо махфӣ нигоҳ доштан зарур мебошад.

Нуктаи дигарро низ бояд бигӯем, ки агар мардум аз сирру асроратон бохабар гарданд, он гоҳ Шуморо ҳамчун фиребгар муаррифӣ намуда, дигар ба сухану коратон бовар намекунанд. Дар ин ҳолат беҳтараш рӯирост иқрор шуда, аз хатоҳои худ узр пурсед ва шояд мардум бубахшанд ва ба Шумо бовар кунанд. Албатта, ҳастанд роҳбароне, ки тамоми умр фиребгару дурӯғгӯ буда, одамон онҳоро нағз мешиносанд ва аз дурӯғгуии онҳо истифода низ мебаранд.
Ин гуна роҳбарон як умр ҳамчун роҳбари фиребгар ва дурӯғгӯ шинохта шуда, боз дар атрофи худ ҳамон гуна шахсонро ҷамъ карда, кору фаъолият менамоянд, ки аслан дар як зина қарор гирифта, соҳиби обрӯю эътиборе намегарданд ва ташаккул намеёбанд. Шояд ҳар яки мо чандин маротиба гирифтори фиреби чунин роҳбарони фиребгару дурӯғгӯ гаштаем. Афсӯс, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз чунин роҳбарон бисёранд.

Бинобар ин, дар хиради менеҷмент таъкид карда мешавад, ки аз ин гуна роҳбарон беҳтараш дар канор бошеду худро низ аз фиребу дурӯғгӯӣ эмин нигоҳ доред.

пешина
аз 566
навбатӣ