Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба Шумо худро дӯст вонамуд сохта, аз роҳбариатон истифода ва ҳаловати роҳбариатонро чашида, аз сирру асроратон бохабар мешаванд, баъди чанде аз пайи нобуд сохтани шумо мегарданд ва онҳо хавфноктарин одамонанд. Ин гуна одамон қобилияти дарки стратегии масоилро надошта, дар доираи кӯтоҳи вақт андеша карда, гумон мекунанд, ки онҳо низ ба он муваффақиятҳое, ки Шумо ноил гаштаед, муваффақ мегарданд, вале ин ба онҳо ҳеҷ гоҳ муяссар намегардад. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки сарвари доно ва чеҳракушоди безарар, боз дорои хислатҳои кордонии хосе мебошад, ки аксар маврид онҳоро махфӣ нигоҳ медорад. Боз як бори дигар таъкид кардани ҳастем, ки ин усулро ҳамчун дом барои фаҳмидани шахсони дурӯяи ҳокимиятхоҳ, бояд истифода намуд.

Пас хуб мебуд, ки дар кордонии хеш аз усули чеҳраи кушод низ хуб истифода намоем. Аксари шахсони бузурги таърихӣ ба монанди И.Сталин, Д.Рузвелт ва А.Линколн ин хислатро доштанд. Дар чеҳраи онҳо доимо як нигоҳи пургайрати тағйирнаёбандае ҳукмфармо буда, ба ҳолатҳо дода намешуданд ва чеҳраи онҳо дар ҳама ҳолатҳо якхела буда, нигоҳи пурқуввати таъсиркунанда доштанд. Аз нигоҳ ва чеҳраи ҷиддию тағйирнаёбандаи онҳо ҳеҷ гоҳ мақсади онҳоро фаҳмидан мумкин набуд. Ҳатто баъзе аз сарварони бузург, лашкаркашон кормандони худро то ба гиря оварда мерасонанду дар симои худи онҳо чизе тағйир намеёбад. Маҳз баъди ҳамин нуқтае, ки дигаронро ба ҳолати эҳсосотии баланд меорад, мақсади фикри асосии худро тарзе баён месозанд, ки аллакай не гуфта натавониста, ҳама бо дилу ҷон қабул менамоянд. Дар ҳақиқат, вақте ки Шумо нигоҳи пурқуввати тағйирнаёбанда дошта, онро доимо ҷиддӣ нигоҳ медоред ва дигар рақибон мақсадатонро ва ё тарсу заифиатонро пай бурда наметавонанд, зердастонатон ба ин бисёр диққат дода, Шуморо барои ин хислататон дӯст дошта, сахт бовар мекунанд.

Қонунияти дигари махфӣ доштани сирри роҳбар ин гуногунрафторӣ ва яку якбора ба дигар тараф гаштан дар ҳолатҳои зарурӣ мебошад, яъне пеш аз ба мақсади асосӣ расидан, ягон фаъолияти диққатҷалбкунандаеро пеш гирифта, рафтори одамонро мушоҳида менамоед. Вақте мебинед, ки ҳама ба фаъолиятатон Шумо диққат медиҳанд, зуд маълум мегардад, ки яке дар ҳақиқат дастгири Шумо, дигаре душману бадхоҳ, сеюми бетараф буда, чорумӣ, умуман, ба тарафи

пешина
аз 566
навбатӣ