Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Он омоле, ки мо мебинем ва мешунавем, на ҳама вақт ҳақиқати ҳолро ба мо гуфта метавонанд. Қадами аввал он аст, ки дар муҳокимаронӣ доимо боандеша ва боҳирадона рафтор намоем.

Дуввум, ин ки доимо ҳаракат намоед, ки ба зердастон имкони интихоби беҳтарро дода тавонед, яъне хоҳиши худро дар шакли нақша пешниҳод карда, ба зердастон фаҳмонед, ки хоҳишатон ҳамин аст. Аксарият бовар карда аз паи иҷроиши он мегарданд, ва хоҳиши асосие, ки дар дил доред ва онро танҳо Худатон дарк мекунеду мебинед, бояд то ба вуқӯъ пайвастанаш дар дилатон махфӣ бошад ва Шумо ақидаи муқобилро қабул карда, натиҷаи онро, ки барои иҷрои мақсади ниҳонии хеш шароит пайдо менамоед, истифода мебаред.

Ҳолати сеюм, барои дигаронро аз мақсади асосии хеш дур сохтан, як ҳолати дигареро интихоб намоед, ки гӯё бароятон асосӣ бошад ва фақат фикру мақсадатон барои иҷрои он равона шудааст, аммо дар асл мавзӯъ ва мақсадатон бояд дигар бошад. Дар ин ҳолат душманотон бо роҳи фириб рафта, аз сирри ҳокимиятдориатон бедарак ва дар назди Шумо оҷиз мемонанд. Аслан чунин роҳро аксар маврид дар ҳолатҳои муҳорибаҳои Ҷанги сарлашкарон ва фармондеҳони қушунҳо истифода мекунанд, ки хеле самаранок мебошад.

Ҳолати чорум, аз воқеият бохабар гашта, оиди нобарориҳои муваққатӣ дар байни зердастон кушоду равшан дилсӯзӣ карда, онҳоро бовар кунонед, ки Шумо низ барои ин нобарорӣ дар ҳиҷолат ҳастед, вале сирри ҳақиқатро дар дил пинҳон дошта, то амалӣ гаштан ба касе нагуед. Бо ин восита дар ҳақиқат ба боварии зердастон даромада, ошкоргӯии худро гӯё баён менамоед ва мардум ба кушоду равшан сухан гуфтанатон бовар мекунанд. Худатон низ ба сухани гуфтаатон бояд бовар дошта бошед. Барои он ки ошкорини худро самаранок созед ва ҳамчун яроқ истифода карда тавонед, сирри роҳбариро доимо махфӣ нигоҳ доред.

Кардонӣ дар ҳалли масоил стратегияи асосии роҳбарӣ буда, имкон
медиҳад, ки ҳар як сарвар худро монанди оина нишон дода, диққати дигаронро
барои иҷрои мақсадҳои худ истифода намуда, худ ҷилодиҳанда бошад. Агар ба
ҳақиқати фаъолияти одамон кушоду равшан назар афканем, зердастони Шумо,
ки мувофиқи дастуратон кору фаъолият менамоянд, шахсони воқеии
иҷрокунандаи мақсадҳои роҳбариатон мебошанд. Баъзе шахсоне низ ҳастанд, ки

пешина
аз 566
навбатӣ