Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
45.2. Махфияти сирри роҳбарӣ ва камсухании
роҳбар
Яке аз қонуниятҳои хиради роҳбарӣ ин махфӣ нигоҳ доштани сирри роҳбарӣ буда, аз ҳар як роҳбар кордонию зиракиро талаб менамояд, чунки вақте Шумо нақшаҳои ояндаи хешро пурра мекушоед, он гоҳ дӯстон ва душманонатон аз он воқиф гашта, бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки онҳо иҷро нагарданд. Вақте ки мақсадҳоятон иҷро намегарданд, зердастон дигар ба Шумо бовар намекунанд ва ҳокимиятатон заиф мегардад. Бинобар ин, доимо талош намоед, ки зердастон ва атрофиён аз мақсадҳои асосиатон то ба вуқӯъ пайастанашон бедарак бошанд.
Барои санҷиш баъзе воситаҳои бадомафтониро низ истифода карда, мақсади махфии дигаронро муайян созед. Масалан, шакли зоҳирии худро ба нуқтаи асосӣ чунон вонамуд созед, ки гӯё бароятон он қадар моҳият надорад ва бояд касе нафаҳмад, ки инро дидаю дониста мекунед. Бояд гуфт, табиати аксари одамон чунин мебошад, ки фикру ақидаи худро мехоҳад ба дигарон гӯяд, муҳокима намояд ва аз нақшаю хоҳишҳои худ дигаронро огоҳ намояд. Барои аз чунин хислат баргаштан кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додан зарур аст, ки забони худро нигоҳ дорию ақидаҳои худро пинҳон. Ва бисёр маврид фиреб мехӯрем, ки гӯё ҳама сирро рӯйрост гуфтан, ин ҳақиқатпарастӣ ва адолат буда, мо бо ин роҳ ба дили зердастон роҳ меёфта бошем.
Дар асл, ҳақиқатпарастӣ ин асбоби кунде мебошад, ки ба ҷои буридан ва кам кардан, боз зиёд мекунад. Рӯйрост ҳама фикрро гуфтани роҳбар ба дараҷае оварда мерасонад, ки зердастон Шуморо фаҳмида гирифта, чунин ақида пайдо мекунанд, ки эҳтироми онҳо низ кам мешавад, чунки онҳо пешакӣ рафторатонро медонанд, хислати рӯйрост ва ҳақиқатгӯиатонро фаҳмида, мавқеи худро пешакӣ тайёр менамоянд. Агар дар ҳақиқат аз хиради роҳбарӣ бохабар шудан хоҳед, каме аз санъати нигоҳдории сирри роҳбарӣ бохабар гашта, онро истифода баред ва дар сурати аз ӯҳдаи он баромадан доимо дар қуллаҳои баланди роҳбарӣ мемонед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо