Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
гирди худ аллакай душмани бисёреро пайдо мекунед, ки аз дастовардҳои ҳамҷоя лаззат бурда, ба худ боварие пайдо кардаанд ва аллакай мехоҳанд, ки худ сарвар бошанд. Ин хусусияти хосу таърихии роҳбарӣ мебошад, ки мо дар мавзӯъҳои гузашта ба Шумо гуфта гузаштаем. Дар ин ҳолатҳо низ бояд пешвоиро аз даст надода, дигаронро маҷбур сохта тавонед, ки ба хоҳишу дархостатон кору фаъолият намоянд. Рақибону душманон ва атрофиёнро дар ҳолати муҳофизатӣ қарор диҳед. Вақте дигарон маҷбур мешаванд, ки ба дастуру фармонҳои Шумо кору фаъолият бикунанд, он гоҳ метавонед ҳолатро зери назорат гирифта, доимо аз вазъият бохабар бошед.
Касе, ки ҳолатро зери назорат гирифта метавонад, ӯ аз ӯҳдаи сарварӣ баромада метавонад. Сарворе ҳолатро зери назорати хеш гирифта метавонад, ки дар навбати аввал, дар ҳама ҳолатҳо худ ва дуввум дигаронро идора карда тавонад. Барои ин донишу хиради баланд зарур аст, яъне дигаронро бовар кунонида тавонад, ки онҳоро Шумо не, балки ҳокимият ва кордонию бартариатон водор месозад, ки итоат намоянд. Чунин бояд рафтор намуд, ки ин фаъолият пеш аз ҳама барои онҳо мебошад. Вақте ки онҳо ба майдони магнитие ворид мегарданд, ки бароишон бегона аст, саросема шуда, асабӣ мешаванд, дасту пой гум карда, худро аз даст медиҳанд ва ба Шумо бояд таслим шаванд.
Бинобар ин, барои гуфтушунид хуб мебуд, ки агар мавзеи муайяни худро интихоб намоед, чунки бовариатон дучанду даҳчанд мегардад. Дар соҳаи ҳарбӣ бошад лашкаркашон чунин ақида доранд, ки «Душманро маҷбур созед, ки зудаш наздик биояд». Фаҳмиши дигари истифодаи хиради дигарон аз он иборат аст, ки рақибро маҷбур созед, то қувваташро заифтар созад, бо роҳи аз қафои Шумо тохтан. Дар ҳолате, ки идораи вазъият пурра дар дастатон қарор мегирад, якбора ба ҳуҷум гузашта, ба муваффақият низ ноил гашта метавонед, лекин ин амал бояд хеле моҳирона ва чолокона бояд сурат гирад, то душман имкони фикр кардан пайдо накунад. Бинобар ин, тактикаи роҳбариро вобаста аз ҳолатҳо бояд интихоб кард ва аксар мавриди нотакрор будан хеле самаранок мебошад. Агар вақт барои шумо имкон диҳад, онро низ самаранок истифода карда, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо