Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
худ талаботи хиради олии менеҷмент аст. Инро дар илми менеҷмент кордонӣ муаррифӣ намуда, доимо таъкид месозанд, ки «Агар истифодаи дониши гузаштаро тавонед, Шумо дар ҳақиқат ихтироъкор ё худ эҷодкори бузург мегардед».
Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки аксари одамони бузург таҷрибаи дигаронро хирадмандона истифода карда, дар китфи хиради онҳо истода, кору фаъолият намуда, шарафманд мегарданд, чунки ақлу хиради гузаштагони бузург бо ақлу хиради Шумо якҷоя шуда, Шуморо ба қуллаҳои баланди сарварӣ бурда мерасонанд. Инчунин бояд гуфт, ки то имрӯз ягон мутафаккири гузашта, барои тарзу усули ӯро истифода кардан, аз касе гиребонгир нестанд ва баръакс арвоҳашон шод гашта, ба Шумо кӯмак мерасонанд, ки кору номи онҳоро зинда гардонидаед.
Таърихи инсоният сирру асрору хирадҳои бисёре дорад, ки мо бояд аз онҳо бохабар бошем, вале афсӯс ҳаёти ҳар яки мо хеле кӯтоҳ буда, барои дарки ҳамаи он фурсат басанда нест. Ба ин хотир, хонандаи азиз, таъкид менамоем, ки дар хиради менеҷмент ду роҳи асосии ба даст овардани донишу хирад мавҷуд аст:
- Аз худ намудани таҷриба ва дастовардҳои мардони бузурги таърихӣ.
- Хоҳиши баланди инкишофи фикрронӣ ва дарки масоил доштан.
Дар фаъолияти роҳбарӣ дар мавриде, ки мехоҳед аз меҳнати дигарон истифода намоед, кӯшед, ки онҳо худашон ба тарафатон биёянд, на ин ки Шумо ба тарафи онҳо равон шавед. Барои ин қобилияти ҷалбкунандагии роҳбариро ба худ бояд дошта бошед, яъне вақте атрофиён ба кору фаъолиятатон диққат надода, ба мақоматон баҳо дода наметавонанд, дар ҳолати зарурӣ худро бо баҳонае дар канор гиред, то Шуморо дигарон ҷустуҷӯ ва хоҳиш намоянд, ки кӯмак расонед. Дар натиҷа шумо бурд карда, аз ин имкони мувофиқ истифода ва барои ҷалби дигарон шароит пайдо мекунед. Чуноне ки шикорчии сайди кабк, кабки худро барои фиреб дар майдон мегузорад, то дигар кабконро даъват намояд, вале дар атрофаш тур партофта шудааст, ки кабки дарӣ чӣ хел ба дом афтиданашро пай намебарад.
Нуқтаи дигарро низ бояд таъкид сохт, ки агар дар роҳбарӣ ин усулро пай дар пай истифода намуда, ба қуллаи баланди сарвариро ноил гардед ҳам, дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо