Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
карда метавонистанд. Албатта, вақте ки Шумо ягон ихтирооти бузург менамоеду дигарон бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, баъдан аз ин ихтирооти Шумо миллиону миллиардҳо фоида ба даст меоранд, аламовар мебошад ва беадолатист.
Дар ин ҷода хиради менеҷмент таъкид месозад, ки мо бояд доимо дар ҷустуҷӯи самаранокии меҳнати худ ва коллективи корхона буда, аз онҳо дуруст ва саривақт истифода карда тавонем, чунки вақт хеле кам ва умр ниҳоят кӯтоҳ аст. Агар азми онро дошта бошед, ки ҳамаи корро худатон иҷро мекунед, он гоҳ ҷисми худро хаста намуда, ба беморӣ дучор мегардеду нерӯи худро тез аз даст дода, дар ҷавонӣ пир мешавед. Хуб мебуд агар каме худро эҳтиёт карда, аз меҳнати дигарон истифода карданро ёд мегирифтеду ҳаловат мебурдед. Баъзе мутахассисон дар он ақидаанд, ки дар идоракунӣ «Қонуни ҷангал»-ро низ истифода кардан мумкин аст, яъне сайдро як кас афканда, аксари дигар ҷонварон аз он истифода менамоянд, чунки на ҳамаи ҷонварон қобилияти сайди хуб кардан доранд. Ба монандӣ палангону шерому гургон сайдро меафтонанду сагону шаголону рӯбоҳ ва чанде дигар аз он истифода менамоянд. Ин албатта, рамзист, вале банда ба ин ақида ризо набуда, доимо ҳидоят ба сайди худро дошта, аз имконоти барои сайд намудаи дигарон истифода карданро маъқул намешуморам. Доимо кӯшиш намоед, ки худатон сайёду ҳокими сайди худ бошед!
Ба ин васила дастаеро интихоб намоед, ки замоне ҳамроҳи Шумо ва бароятон кору фаъолият намоянд, то даме, ки худ сайёд гарданд. Вақте ки бо истифода аз қобилияту донишу хиради даста баромад мекунед, ин хеле қувваи азим буда, ҳокимиятатонро мустаҳкам менамояд.
Сарчашмаи дигари истифодаи қувваи донишу хиради дигарон низ мавҷуд мебошад. Ин ҳам бошад, истифода аз асарҳою сарчашмаҳои дигари ганҷинай ғании мардуми донишманд, ки пештар аз Шумо кору фаъолият доштанд ва гуфта гузаштаанд.
Ҳанӯз дар замони худ Исаак Нютон, ин усуро «Усули дар сари китфи
бузургон истодан» номида буд. Худ низ иқрор шуда буд, ки ихтирооти хешро
дар асоси ихтирооту донишҳои дигарон амалӣ сохтааст. Аз ин хотир, мо бояд
қайд намоем, ки аксари роҳбарони бузург ба шарафмандӣ аз қобилияти
истифода кардани ақлу дониши дигарон ноил мегарданд ва ин низ дар навбати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо