Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бузург ва бохирад ҷилвагар гашта, эҳтирому ҳокимиятатон баланд мегардад. Дар баробари оид ба кору боратон кам сухан гуфтан мардум зиёдтар шавқ пайдо карда, дар бораатон образҳои баландро иншо мекунанд. Бинобар ин, хуб мебуд доимо ба сухани худ эътибор медобед ва ба чӣ гуфтуну чӣ хел талаффуз карданатон назорат мекардед, чунки як сухани неки барҷо метавонад Шуморо ба қуллаҳои баланди сарварӣ расонад, вале як сухани нодурусти нобарҷо метавонад, тақдиратонро зери хавф гузорад. Ва доимо дар хотир дошта бошед, ки ҳар қадар кам сухан гӯед, ҳамон қадар зердастонатон низ дар ҷустуҷӯи сухани ками пурмазмун гардида, дар натиҷа тамоми менеҷмент аз хиради сухан бархӯрддор шуда, дастаи боқуввати фикркунандаро ташкил медиҳад, ки дар он «Сухан» аллакай ҳукми қонуниро касб менамояд.

Баъзе роҳбарон сабаби камсухании Шуморо шояд камдонӣ низ ҳисоб кунанд, вале дар хиради менеҷмент боз таъкид карда мешавад, ки «Камсуханӣ ва бисёргӯйӣ инҳо усулҳои хоси менеҷмент мебошанд, ки ҳар як сарвар онро дуруст ва боақлона бояд истифода карда тавонад».

Албатта, дар ин нуқта мавқеи роҳбар мақоми арзанда дорад, яъне мақоми роҳбар ҳамчун санги вазнини бисёркунҷаи ҳокимият буда, онро аз кадом тарафаш нигоҳ накунед, рост менамояд. Бинобар ин, бо истифода аз мавқеи роҳбариатон метавонед мардумро бовар кунонед ва аз қафои худ пеш баред. Аз ин ҷо доимо кӯшед, ки мавқеи баландро чӣ дар роҳбарӣ ва чӣ дар зиндагии шахсӣ дошта бошед. Калиди тиллоии ноил гаштан ба муваффақиятҳо ин мавқеи роҳбарии шумо мебошад. Ҳаракат намоед, ки дар мавқеи худ устувор истода ба рақибону зердастон роҳбарӣ намоед.

Бояд гуфт, ки ин мавқеъро на фақат барои нигоҳдории мавқеи зердастони хеш ва худатон истифода бурд, балки ин бояд мавқеи ҷамъиятии Шумо низ гардад ва аз ин нигоҳ ба мардум низ хизмат карда тавонед. Албатта, ин маънои онро надорад, ки роҳбар ба дигарон кӯмак карда, онҳоро шарафманд гардонида, мавқеи худро аз даст медиҳад, балки баръакс сарваре, ки дар иҳотаи мардони шарафманд қарор дорад, боз мавқеи сарварӣ – пешвой ва обрӯю эътибораш зиёд гашта, ҳокимияташ мустаҳкам мегардад. Дигар ҳолатро низ фаромӯш набояд кард, ки дар атрофи ҳар яки мо боз баъзе шахсони наздику рафиқоне ҳастанд, ки рафтор ва фикру хоҳиши онҳо барои Шумо номаълуманд. Ё ин ки

пешина
аз 566
навбатӣ