Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
дониши худро аз касе паст намешуморанд ва агар донишу қобилияти худуд намоиш дода, соҳиби эҳтироми роҳбарон гардед ҳам, вақти каме нагузашта в вазифа сабукдӯш мешавад ва ба ҷои Шумо шахсеро таъин менамоянд, ки дар донишу фаҳмиш хеле паст аст, чуноне ки мо дар боло гуфта гузаштем. Бинобар ин, дар қонунияти менеҷмент ду қоидаро метавон мушоҳида намуд:
-
Агар Шумо қобилияти баланди эҷодию ихтироъкорӣ дошта бошед, худатон мустақилона корхона сохта, соҳибкориро пеша гирифта номи баландро соҳиб мегардед.
-
Агар роҳи аввал бароитон ғайриимкон бошад, роҳбареро интихоб намоед, ки ҳамфикру ҳамқадами Шумо буда барои меҳнати якҷоя хоҳиш дорад ва коллективи даставии худро пайдо карда бо якҷоягии ин коллектив кору фаъолият менамоед.
Дар ҳама ҳолатҳо як нуктаро бояд дар хотир доред, ки гарчанде роҳбарият шуморо дӯст дорад ва ҳурмату эҳтиром намояд, ин маънои онро надорад, ки бароитон иҷрои ҳама корҳо иҷозат дода мешавад. Таърих ҳодисаҳои зиёдеро медонад, ки шахсони наздики подшоҳону амирон, охир банди ҳабсхона ва ё ба қатл расонида шудаанд. Худситой дар назди роҳбар, яке аз хислатҳои беҳирадӣ буда, оқибат ба нестӣ оварда мерасонад. Дар назди роҳбар набояд бисёргӯӣ карда, ҷилави суханро ба дасти худ гиреду ӯро ба қатори дуввуму сеюм шинонед. Доимо ҳаракат намоед, ки худро ташнаи ақлу хирад вонамуд сохта, ба таҷриба, донишу хиради роҳбар мӯҳтоҷ буданатонро нишон диҳед.
Имкон ёфта, аз ӯ кӯмак талабед. Аксари роҳбарон ин хислатро мепарастанд ва дастгирӣ менамоянд. Агар дар эҷодкорӣ ва фикрронии стратегӣ Шумо ва роҳбари худ бартарият дошта бошед, онро дар қоғаз аз номи роҳбаратон сабт намуда, имкон диҳед, ки ӯ аз номи хеш инро иброз намояд.
Агар нисбат ба роҳбаратон бохирадтар бошед, дар нишастҳо фикрҳоро аз номи дигар шахсон дар шакли латифа ва ё ҳикоя баён намоед ва тез ба фикри дигар гузаред, то роҳбаратон имкон ёфта ин фикрро аз худ намуда, дар шакли нав баён намояд. Дар хотир дошта бошед, ки агар донишмандӣ ва бартариатон дар нишаст аз роҳбаратон дида каме боло гардад, боз ба аҳволи ҳамон вазъи дар боло овардашуда гирифтор мешавед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо