Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад: «Дар осмони торик фақат як моҳтоб аст. Шумо ситора шуда, кӯшиши рӯшноии моҳтобро ба худ гирифтан нанамоед, вагарна месӯзед, балки доимо ҳаракат намоед, ки бо рафшамнатон нури моҳтобро мунаввартар гардонед».
Хиради менеҷмент ҳидоят бар он менамояд, ки ақл, дониш, хирад ва бонғарии дигаронро ба мақсади иҷрои фаъолияти роҳбарии хеш самаранок истифода бурданро бояд бидонем. Чунин қобилият на фақат ба шумо кӯмаки маънавӣ медиҳад, балки дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои калон ноил гашта, ба зинаи болои роҳбарӣ мебарояд. Аз ин хотир, доимо ҳаракат намоед, он коре, ки кормандонатон иҷро карда метавонанд, бигузор худашон ба анҷом расонанд. Шумо кору фаъолиятеро иҷро намоед, ки зердастонатон аз уҳдаи он баромада наметавонанд, чуноне ки дар афсонаи халқии Сангпушт ва Фил омадааст: «Рӯзе дар роҳ Фил Сангпуштеро дида бо ҳайбат мегӯяд, ки аз роҳам як тараф исто, вагарна поямро ба болоят монда нобудат месозам. Сангпушт хандида ҷавоб медиҳад, ки ман аз ту наметарсам, чунки қуввати ман ҳам аз ту кам нест. Фил ғарҷанде ки пояш сангпушро зер кард, косахонаи сангпушт нашикаст. Ва шарт бастанд, ки пагоҳ дар пушти теппае муҳорибаро давом медиҳанд. Фил розӣ шуд. Рӯзи дигар пагоҳии барвақт Сангпушт ресмони дарозеро гирифта ба тарафи поёнии теппа омада Бегимотро дида гуфт. Ҷаноби Бегимот як қувваосмой намекунем? Бегимот як ханда карду розӣ шуд.
Сангпушт як нӯги ресмонро ба Бегимот дода гуфт, ман ба он тарафи теппа рафта расидам, садо мекунам ва ресмонро мекашӣ. Нӯги дигари ресмонро гирифта ба тарафи дигари теппа рафта ба дасти Фил доду гуфт, ман ба болои теппа ки расидам, кашидем мегӯям, баъд ресмонро мекашед. Сангпушт ба байн рафта дод мезанад, ки кашидем. Бандкашӣ чунон давом мекунад, ки Бегимот ва Фил ҳар ду аз пой афтода, ба Сангпушт мағлуб шуда мегӯянд, ки қувваи ту қавитар будааст. Бинед, ки Сангпушт аз қувваи дигарон, ки аз қувваи ӯ дида садҳо маротиба зиёд буд истифода карда, ба фирӯзӣ сазовор гашт.
Бояд гӯем, ки аксар маврид шахсон ихтирооте карда, худашон бедарак
мемонанд ва каси дигаре ӯро истифода карда шуҳрат меёбад. Чуноне ки дар
мавзӯъҳои пешин қайд намудем, падари соҳибкорони дунё Генри Форд беҳтарин
соҳибкоре буданд, ки аз донишу хиради дигар кормандон бараъло истифода

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо