Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Луқмони Ҳаким ба чеҳраи собиқ вазир як нигоҳ карду гуфт:
«Фарзанди азизам, дар хотир дошта бошед, ки ягон вақт аз роҳбари боло дида баланд парвоз накунед, ки дар пастии чуқур меафтед».
Хатои Шумо дар он буд, ки ҳамаи он эҷодкорӣ ва навовариро аз номи хеш кардед, на аз номи роҳбаратон подшоҳ, яъне шахсе ки маҳз ба шарофати вай ба ин комёбӣ ноил гаштаед, чуноне ки Галилей дар замони худ карда буд.
Аввали солҳои 1600 риёзидони итолиёвӣ Галилей вақте ба муваффақият ноил гашт, ҳама дар он андеша буданд, ки онро ба кӣ мебахшида бошад. Маротибаи аввал ба номи кадом лашкаркаш бахшид ва маротибаи дуюм ба номи хонаи муқаддас. Новобаста аз моҳияти баланди тадқиқот ба ӯ дар қатори дигарон мукофоти одде доданд, ки арзиши хеле паст дошт. Ва маротибаи дигар баъди 10 сол вақте ки сайёраи Юпитерро ихтироъ кард, якбора ихтирооти ҳирадмандонае оиди роҳбарӣ низ анҷом дод. Ӯ дид, ки сайёраи Юпитер маҳз вақте пайдо шуд, ки Козимои II ба тахт нишаст. Ва ин чор ситора, ки ба миқдори бародарони сулолаи Козимо мувофиқ аст, маҳз дар болои қасри ин хонадон равшанӣ доранд. Аз ин нигоҳ, нишонаи чорситораи сайёраи Юпитерро пешниҳод кард ва ӯро ба Козимои II бахшид. Дар натиҷа шоҳ ӯро хеле хуб қабул намуда, ҳамчун олими дарбор пазируфт ва маоши хеле баланд муайян кард, ки барои тадқиқотҳои ояндаи ӯ шароит муҳайё сохт. Дар ҳақиқат шахсони бузург ба ғайр аз роҳбарии хеш боз хоҳиши эҷодкорӣ ва боқӣ мондани шаъну шарафу некӯкориро дошта, доимо кӯшиш ба он менамоянд, ки ситораи дурахшони имрӯзу фардо бошанд.
Аз тарафи дигар, ҳар як роҳбар дорои хусусиятҳои хоси худ буда, доимо кӯшиш менамояд, ки аз ҳокимияти хеш истифода карда, сифатҳои беҳтарин нишон диҳад. Вақте ки Шумо ба он муҳит дохил мешавед ва нисбат ба роҳбаратон сифатҳои беҳтареро маълум месозед, он гоҳ ба муқобилатон ҳасадхӯрӣ ва дигар рафторҳои номатлуби атрофиёнро ҳис мекунед ва бояд ба ин омода бошед. Албатта, вақте ки Шумо шахсияти пухтарасидаед, наметавонед худро барои дигарон қурбон кунед ва мувофиқи ақидаи онҳо рафтор намоед, аммо вақте сухан дар бораи ҳокимият меравад, бояд итоат намоед, вагарна хатои маҳз мекунад, ки дар хиради менеҷмент амали нобахшиданист. Бинобар ин, дар тамоми давру замон подшоҳу амирон болонишин буданду мемонанд, фаҳмишу

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо