Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

оварда, дигар хатоҳои содиркардаатонро такрор намекунед, хулоса бароварда бо сӯи оянда қадамҳои босубот мегузоред. Мо оиди хиради роҳбарии шахсони донишманду бузурги таърихӣ мисолҳои зиёде овардаем, ки истифода аз он низ метавонад фаҳмиши Шуморо оиди ин мавзӯъ хеле пуркувват гардонад. Дигар нуқтаро низ таъкид карданием, ки ба гузашта назар карда, рафтори хешро ба рафтори рафиқонатон ва дигар одамоне, ки монандӣ Шумо роҳбар буданд муқоиса карда, ба хулосаи аниқ меоед.

Барои тасдиқи фикри худ ду ҳолати роҳбариро ба Шумо оварданием, ки бо як амал яке аз озодӣ маҳрум мешавад ва дигаре машҳур мегардад:

Ривоят мекунанд, вазире баъд аз даҳ соли маҳбасӣ ба назди Луқмони Ҳаким омада арзи дил ва хоҳиш менамояд, то муайян созад, ки дар куҷо ғалат кардааст ва саргузаштаро чунин ҳикоят мекунад: «Ман қариб 10 сол вазири молия будам ва кору борам чунон хуб буд, ки ҳама фақат таърифам мекарданд, дар дарбори подшоҳ беҳтарин вазир ба ҳисоб мерафтам. Рӯзе фаҳмидам, ки вазорати моро бо дигар вазорат якҷоя мекунанд, ки вазири онҳо низ обрӯи хуб дорад. Ман бо мақсади бартарии худро нишон додан ва боз дар ин вазифа мондан, як бинои нави замонавӣ сохта, бо тамоми асбобу лавозимоти пешқадамтарини таҷҳизонида, ба маросими кушодашавӣ тайёрӣ хеле баланд дидам. Ошпазҳои беҳтарини дунё, ҳофизону раққосони беҳтарин даъват намуда, гулҳои беҳтарини дунёро дар гулгаштҷойҳо шинонда, фаввораҳо ва манзараҳои аҷоибе ташкил кардам, ки мислаш то ҳол дар кишварамон набуд. Дар маросими кушодашавӣ подшоҳро бо тамоми вазиронаш даъват намудам. Ҳамаро дар ҳайрат гузоштам ва тамоми шабнишинӣ меҳмонон ва подшоҳ низ бо ин амали ман баҳои баланд дода, тавсиф мекарданд. Вале афсӯс, ки ин хурсандии ман дер давом накард ва рӯзи дигар намояндагони подшоҳ барои тафтиш омада, ҳатто тамоми он воситаҳои пулӣ ва хароҷотҳои қонуниро, ки худи подшоҳ иҷозат дода буд, ғайриқонунӣ шуморида, маро барои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Баъди чанде дар маҳбасхона фаҳмидам, ки подшоҳ айнан ҳамон меъмори маро даъват намуда, аз қасри ман дида, боз хубтару боҳашаматтар сохтааст ва хароҷотҳои зиёде аз хазина сарф намудааст. Мардум ба ӯ таҳсину офарин гуфтаанд ва боз подшоҳиро давом дода истодааст».

пешина
аз 566
навбатӣ