Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷиддитар мушоҳида намоем, ҳамон қоидаҳои пешинаи муносибатҳои роҳбарӣ ва ҳокимиятдорӣ дар ҳама зинаҳои идоравӣ ҷараён дорад ва хоҳ нохоҳ ба ақидаи лашкаркаши бузург Наполеон резо хоҳем шуд, ки таъкид карда буд: «Барои зинаи баланди роҳбариро ноил шудан дар дасти оҳанин дастпӯшаки маҳмалин пӯшед».

Дар ҳақиқат бо баъзе шахсиятҳо, ки хоҳиши бевоситаи ҳукмронӣ доранд ва барои ин тамоми қувваи ба этикаи менеҷмент номатлубро истифода мебаранд, бояд тарзе рафтор намуд, ки чунин шахсиятҳо умуман роҳбар набушанд. Аз ин гуна шахсони дар фаъолияти роҳбарӣ ғарази бад дошта худро дар канор гиред.

Аз тарафи дигар, бояд Шумо тарзе рафтор намоед, ки роҳбаратон худро хеле бароҳат ҳис карда, аз донишу қувваи ақлониятон самараноқ истифода намояд. Барои аз ҳад зиёд нишон додани қобилияти баланди эҷодии хеш дар назди роҳбар накӯшед, чунки ин ҳолат ба роҳбаратон ҳисси нобоварӣ ба худ пайдо гашта ва ё заифии худро дарк карда, шояд нисбати Шумо рафтори ноодилона менамояд. Аз ин нуқтаи назар таъкид карданием, ки дар ин ҷода ҳар як корманд бояд хеле эҳтиёткорона рафтор намуда, худро аз ғазаби роҳбари болоӣ нигоҳ дорад.

Аз тарафи дигар, дар хиради менеҷмент ишора мешавад, ки ҳар як роҳбар бояд нигоҳи дутарафа дошта бошад, яъне яке нигоҳи ба пеш дуввумин ба қафо.

Он чашме, ки ба пеш менигарад, дар навбати аввал созанда ва аз ҳама хатарҳо бохабару эҳтиёткор бошад. Ягон монеа садди роҳи мақсади асосиро гирифта натавонад ва дилмонда насозад. Ба ҷои он аз ҳар як ноомадиҳо дарси ибрат гирифта, вақтро самараноқ гузаронед. Стратегияи инкишофро пурра ва ҳаматарафа аз рӯи он қоида ва роҳу усулҳое, ки мо дар мавзӯъҳои гузашта бароятон гуфта будем, ба роҳ монед ва ҳар қадар дурандеш бошед, ҳамон қадар барои ояндаи роҳбариатон қадамҳои босубот гузошта, ба бурдбориҳо ноил мегардед.

Омили дигаре, ки ҳар як роҳбар бояд ҳар замон дар хотир дошта бошад ва доимо дар вақти қабули қарори адоравӣ ба инобат гирад, ин «назар ба гузаштаи хеш» мебошад. Ин нигоҳ ду омил дорад, аввал ин ки ба гузашта назар карда, Шумо аз пешравии худ ҳаловат бурда, аз муваффақиятҳо хушҳол мегардед ва боз хубтар меҳнат менамоед. Дуввум, ин ки гузаштаро ба хотир

пешина
аз 566
навбатӣ