Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
45.1. Эҳтироми роҳбар ва истифодаи хиради кормандон
Эҳтироми роҳбар яке аз омилҳои баланди хиради роҳбарӣ буда, доимо ҳидоят ба он дорад, ки новобаста аз ҳолат ва макон кӯшиш бояд намоем, ки роҳбари зинаи болоии идорӣ нисбати зинаи поёнӣ, худро пасттар ҳис накунад. Дар ҳолати рӯйдоди ин ҳодиса роҳбари болоӣ нисбат ба худ ва роҳбарриаш тарсу нобоварӣ ва ба Шумо, ки роҳбари зинаи поёнӣ ҳастед, хашму ғазаб ва бадбинӣ пайдо карда, ҳолати муноқишавӣ ба миён меорад, чунки хислати одамӣ чунин аст, ки ҳар як шахс мехоҳад, ҳокимияти зиёдтар дошта бошад ва яккаҳукмронӣ намояд. Бинобар ин, дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки дар фаъолияти худ ва муносибатҳои роҳбариамон доимо кӯшиш бар он диҳем, ки ҳалим ва ҳақиқатпараст бошему боандеша рафтор намоем, то ба иззати нафси роҳбари болоӣ нарасем.
Оҷерқҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз аз замонҳои аввали пайдоиши инсонӣ ва меҳнати ҷамъиятӣ шахсиятҳои кордону ҳунарманд ва пешвоён ба майдон меоянд. Ин ҷараён дар натиҷаи корнамоиҳои зиёди пешвоёни қабилаҳо ва халқҳо, ҳимояи халқҳо аз ҳар гуна офатҳо боз ҳам мустаҳкам шуда, сохтору хислати махсуси ҷамъиятӣ ҳурмату эҳтироми сарварон ва пешвоёнро ба миён овард.
Риояи баланди эҳтироми роҳбаронро дар дарборони шоҳӣ ва амирон баръало метавон мушоҳида намуд, ки мо дар боби 43-уми ҳамин китоб овардаем. Аз ин хотир дарбори амирону подшоҳонро мактаби инкишофи роҳбарӣ, маркази ташаккули илми сарварӣ номидан мумкин аст. Маҳз дар ин даргоҳҳо тамоми қоидаҳо ва қонуниятҳои роҳбарӣ ба вуҷуд омада, риоя карда мешуданд. Инчунин, бояд гуфт, ки маҳз дар дарбор нозукиҳои баланди муносибатҳои инсонӣ бо паҳлӯҳои гуногунаш омӯхта ва амалӣ гардонида мешуд. Баъзан макру фириб ва ҳилладонию қасдгириҳо ва бахилиҳои камсаводон низ дар дарборон ба назар мерасиданд, ки дар таърихи аксари дарбориён баён гаштааст.
Имрӯз, агар ба талаботи менеҷменти асри XXI назар афканем, пеш аз ҳама ин, дар шакли демократии дунявӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ мондани тамоми муносибатҳои роҳбарӣ ва ҳокимиятдорӣ мебошад, аммо дар асл агар мо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо