Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ШАМСИДДИН ШОҲИН
(1859 - 1893)

Шамсиддин - махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро дар оилаи Мулло Амони Кӯлобӣ ба дунё омадааст. Падари шоир барои аз худ намудани илму ҳунар дар овони ҷавонӣ аз Кӯлоб ба Бухоро меояд ва дар ҳамон ҷо мадрасаро хатм карда оиладор мешавад ва зиндагӣ мекунад. Шоҳин ҳанӯз дар синни ҳафтсолагӣ девони Ҳофизро аз ёд медонист ва дар пайравии ӯ шеър ҳам эҷод мекард. Ӯ хеле хати зебо дошт ва дар айёми дар мадраса таҳсил карданаш аллакай шӯҳрат ёфта буд ва баъзе китобҳои адабию таърихиро барои дӯстдоронаш китобат карда мефурӯхт, то рӯзи хешро бо меҳнати ҳалол гузаронад. Ӯ баъди хатми мадраса аввал имоми масҷид, ба яке аз мансабдорони амирон Мирзо ва баъдан ба дарбори Амир Абдулаҳад ҳамчун шоир ном баровардааст. Шоҳин бо як истеъдоди моҳиронаи хирадмандӣ тавассути ғазалҳо ва достонҳояш мехост бо роҳи панду насиҳат амирро ба адолат, ахлоқи ҳамидаи ҳукмронӣ даъват намояд. Аммо афсӯс, ки дар ин ҷо низ бехирадони дарбор бо тӯҳмату бӯҳтон инро ба амир як тарз худнамоии шоир маънидод намуда, ӯро зери танқид қарор доданд ва тани нозуку дили софи шоир ба ин тоб наоварда ба касалии сил гирифтор шуда, ҷаҳонро хеле барвақт дар синни 34-солагӣ падруд мегӯяд.

Хонандаи азиз, Шоҳин дар умри кӯтоҳи хеш ба мо мероси адабии пурарзишеро боқӣ гузоштааст. Аз ҷумла «Туҳфаи дӯстон» маснавии ахлоқие мебошад, ки барои ҳар як роҳбар ҳамчун дастурамал метавонад хизмат намояд.
Бояд андеша кард, ки Шоҳин як ҷавони ба қавли коммунистони Шӯравӣ «кӯдак» тавонистааст, ки номашро дар таърих ҳамчун маснавинависи моҳир ва шоири замон дар ҷаҳонбинии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, сохти давлатдориро роҳбарӣ боқӣ гузорад.

Мақсад аз овардани рӯзгор ва таъкиди осори Шоҳин дар ин бахш аз он
иборат буд, то ҳар як роҳбари имрӯзаи тоҷик бояд дарк намояд, ки таърихи
халқи мо чунин ҷавонмардонеро медонад, ки хеле барвақт ба воя расида,
қобилияти баланди дарки масъалаҳоро доранд ва бояд дар такмили донишу

пешина
аз 566
навбатӣ