Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

малакаи касбии худ дастгирӣ ёбанд. На ин ки боиси туҳмату бӯҳтону бардурӯғи нобиноёну ҳасадхӯрон ва бадхоҳони миллат гарданд.

44.5. Мавзӯъ ва ғояҳои асосии асарҳои донишмандони
тоҷик дар замони Тоҷикистони Шӯравӣ
(солҳои 1920 – 1990)

Хонандаи азиз, дар ин бахши китоб мо ба Шумо аз осори адибони тоҷик дар замони Шӯравӣ мисолҳо оварда, мақсад дорем, ки то андозае мавзӯъ ва масоили роҳбарии замони навро аз нигоҳи донишмандони тоҷик барои Шумо мухтасар пешниҳод намоем. Албатта, дар як бахш меҳнату заҳмати 70 – солаи донишмандони тоҷикро пурра баён намудан ғайриимкон аст, вале мақсади мо ин аст, ки аз муаммоҳо ва масоили асосии ин давраи басо тақдирсови миллати тоҷик, каме ҳам бошад, хабардор гардед. Бинобар ин, аз олимон ва донишмандоне, ки номашон ё осорашон ёдоварӣ намешавад, узр мепурсем ва боварӣ дорем, ки ягон кори хайр бемукофот намемонад ва дигар муаллифон аз онҳо ҳатман ёдоварӣ менамоянд.

Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон як қатор фарзандони барӯманди миллат, олимону донишмандон умр ба сар бурданд, ки барои инкишофи илму дониш ва ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодии мардуми тоҷик саҳмгузор мебошанд, чунки давраи Шӯравӣ як ҷаҳонбинии дигаре дар саҳифаи таърихи мардуми тоҷик буда, тарафҳои манфӣ ва мусбии худро дошт. Яъне ин муносибати нави идораӣ – роҳбарӣ, сохтори нави муносибатҳои истеҳсолию молӣ ва пулӣ буда, мавқеи одамон низ дар ин муносибатҳои ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир ёфта буд.

Дар ин давра адибону донишмандони тоҷик: Садриддин Айнӣ, Абулқосим
Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол
Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода,
Қутбӣ Киром, Саидалӣ Вализода, Мӯъмин Қаноат, Соҳиб Табаров, Бозор
Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Ашӯр Сафар, Ҳабибулло Файзулло,
Ғоиб Сафарзода, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ғаффор Мирзо, Салими Хатлонӣ,

пешина
аз 566
навбатӣ