Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Баъди таҳлилҳои зиёди сохтори идораи давлатӣ Аҳмади Дониш ба хулосае меояд, ки асоси зулму ситам ва инкишофи сусти иқтисодию иҷтимоий ва фарҳангии Бухоро ин ноҳӯдабароии сохтори давлатдорӣ ва сарварон мебошад, ки бояд кулли решакан карда шавад ва шакли нави ҳукуматдорию сарвариро пешниҳод менамояд.
Албатта, хушомадгӯёни амир ва косалесони дарбор ба тӯҳмату бадномиҳои сохта ақидаҳои ӯро беасосу бемаънӣ гуфта, худи ӯро ҳатто бедин эълон менамоянд. Вале ҳамаи ин шӯҳрати рӯзафзуни Аҳмади Донишро дар байни аҳли пешқадами илму адаб ва мардуми зираку закии тоҷик кам накарда, балки зиёд намуд. Шахсони бомаърифату донишманд асарҳои ӯро бо эҳтироми хоса ва ихлоси баланд мутолиа мекарданд ва ба фикрҳои пешқадами ӯ таҳсину офарин мегуфтанд.
Аз ин хотир, асари барҷастаи донишманд «Наводир-ул-вақоеъ» барои бедории фикрини пешқадами тоҷикон ва умуман Осиёи Миёна охири асри XIX ва аввали асри XX осори бузурге гузошт.
Хонандаи азиз, мо барои Шумо фақат қисме аз бобҳои ин асарро, ки бевосита ба ҳиради роҳбарӣ тааллуқ дорад, ба тариқи намуна пешниҳод менамоем.
Боби якум. Дар таҳқиқи ҳуқуқи падару модар дар тарбияи фарзанд. Ӯ менависад: «Падару модар мавриди эҳсону шукранд, бар тақдире, ки солеҳ бошанд ва ба фарзанди худ накӯӣ хоҳанд ва салоҳи ҳоли ӯ ҷӯянд..... Пас ин кирдору гуфторро дар шаръу ақл ва мурувват андоза бояд кард. .... Пас агар падар ҳаққи писар адо кардааст ва илми зарурӣ .. ва пешаи лоиқ таҳсил кунонда ва зан додааст, писарро ҳеҷ ҷои хос нест, магар ҳаққи мурувватӣ ва одатӣ».
Боби дуюм. Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он. Аҳмади Дониш сабаби бадбахтӣ ва нақбати замони худашро дар он медид, ки аксари он шахсоне ки барои ободонии мулк ва дигар корҳои давлатӣ вазифадор ҳастанд, ба ғункунии молу сарват афтода аз дониш ва дигар сарвати маънавӣ дур мондаанд.... Аз ин хотир, донишманд ин масъаларо чуқур таҳлил карда, сарватмандиро на дар моли дунё, балки дар донишу ҳиради роҳбарон дидааст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо