Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дил агар дар ҷаҳд кӯшад, муфти эҳроми сафост,
Ҳам ба қадри сайқал аст обу вузӯъ оинаро.
✕ ✕ ✕ ✕ ✕
Ҳусну кубҳи мост ин ҷо боиси радду қабул,
В-ар на як чашм аст бар зишту накӯ оинаро.
АҲМАДИ ДОНИШ
(1826 - 1897)
Донишманди машҳур, наққош ва хаттоти моҳири тоҷик Аҳмади Дониш соли 1826 дар Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ аллакай дар вақти дар мадраса таҳсил кардан ҳамчун наққоши моҳир ва хаттот шинохта мешавад ва ӯро баъди хатми мадраса ба дарбори подшоҳ ба хизмат даъват менамоянд. Дере нагузашта ӯ дар дарбор ҳамчун донишманд ва олими забардаст ном мебарорад ва амир Насрулло ӯро соли 1857 ба сафорати хеш ба Петербург мефиристонад. Фаъолият дар Петербург ба Аҳмади Дониш имкон медиҳад, ки ӯ ба маданият ва ганчинаи бои давлати Россия шинос шуда, барои инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии аморати Бухоро пешниҳодҳои зиёде намояд. Аммо ҷанги беасоси Россия бо Бухоро ва бохтани ҷанг аз тарафи амир Музаффар мавқеъ ва вазъи иқтисодию фарҳангии Бухороро хеле коста мекунад. Баъди бозгашт ба ватан Аҳмади Дониш дар дарбор рутбаи баландро соҳиб гашта, оиди ислоҳоти сохтори давлатдорӣ ва идораи давлатӣ дар рисолаи «Наводир-ул-вақоеъ» пешниҳодҳои мушаххас менамояд. Бисёри пешниҳодҳои ӯ оиди ба низом даровардани ҳуқуқу вазифаҳои беандозаи ҳокимону роҳбарони зинаҳои гуногуни идораи давлатӣ буд. Албатта, чунин пешниҳодҳо ва ҷаҳонбинии пешқадамро амир амалӣ карда наметавонист ва иҷрои он, баръакс хавфи ба миён омадани ҷунбишҳои халқиро дошт. Бинобар ин, ӯро бо баҳонаи таъин намудани қози ба ноҳияи дурдасти Қашқадарё аз дарбор ва умуман аз Бухорои Шариф дур кард. То солҳои 1886 амири нав Абдулаҳад Аҳмади Донишро ба Бухоро даъват менамояд ва ӯ ба яке аз китобхонаҳои калон ба вазифаи китобдор таъин мешавад ва имкон пайдо мекунад, ки таълифи асари таърихии худ «Наводир-ул-вақоеъ»-ро давом диҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо