Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар, арбоби маъни зотан ба шиканҷаҳо гирифтор аст. Ва бадбахтӣ дар он аст, ки агар мо бо маънии тоза чизе гуфта ва эҷод карда натавонем.

Бинобар ин, Бедил таъкид месозад, ки инсон аз мавҷудияти ғубор вақте огоҳ метавон шудан, ки ҳаракат намояд то аз замин бар ҳаво бархоста бошад.
Парфишонии нафас, яъне ҳаракат ва ҷустуҷӯи туро ба садо баровардани корвон, ҷараси корвон монанд кардан мумкин аст. Тавре ки садои ҷарас воситаи огоҳӣ аз ҷои корвон аст, парфишонии нафаси ту низ боиси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ба худ ворасидани ту мегардад.

Барои расидан ба худогоҳӣ ва шӯҳрату эътибор пайдо кардан талошу заҳматҳои зиёде кашидан лозим аст, чуноне ки Бедил қайд мекунад: «Оинаи Искандар, ки боиси овозаю номдории ӯ гардидааст, дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва заҳматҳои зиёд ба даст омадааст». Дар баробари ин таъкиди шоир ба он мебошад, ки ҳар қадар дил (оина аст) дар ҷаҳду кӯшиш ва ҳаракату пешравӣ бошад, ҳамон қадар покизагӣ ва тозагии вай афзунтар мегардад ва ҳар он чизе ки бар сари мост натиҷаи амалҳои неку бади худи мост:

Наболидем бар худ заррае дар арзи пайдоӣ, Ғубори мо мабод афшондани боли магас бошад.
х х х х Ба дил вомондаӣ, аз лофи мову ман табарро кун, Муқими хонаи оина бояд бенафас бошад.
х х х х х Чӣ лозим танг гирад осмон арбоби маъниро?
Шиканҷӣ мо ҳамон мазмун, ки натвон баст, бас бошад.
х х х х х Макун сози иқомат, то ғубори хеш бишкофӣ, Нафас пар мефишонад, шояд овози ҷарас бошад.
х х х х х Шикасти ранги умед аст сар то пои мо Бедил, Зи сайри мо машав ғофил, агар ибрат ҳавас бошад.
х х х х х.
То расад доғе ба каф, сад шӯъла мебояд гудохт, Ёфт Искандар ба чандин ҷустуҷӯ оинаро.

пешина
аз 566
навбатӣ